Главная / Илм / ГОРМОНҲО

ГОРМОНҲО

gormonhoГОРМОНҲО (юн. hormaino – ба ҳаракат меорам, меангезам), моддаҳои химиявии аз ҷиҳати физиологӣ ниҳоят фаъол, ки ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ (ғадудҳои эндокринӣ) ва ё ҳуҷайраҳои ҷудогона ҳосил мекунанд. Г. мубодилаи моддаҳо, фаъолияти ҳуҷайраҳо, нифозати ғишоҳои ҳуҷайравӣ, инчунин кори организмро танзим менамоянд. Г. сохти химиявии гуногун доранд. Ҳатто миқдори камтарини Г. метавонад кори узвро тағйир диҳад, мас., 1 г инсулин қодир аст миқдори қандеро, ки дар хуни 125 ҳаз. харгӯш ҷой дорад, хеле кам кунад.
Г. дар бофтаҳо нисбатан тез таҷзия мешаванд. Бинобар ин барои дар хун ба миқдори кофӣ маҳфуз мондан, Г. бояд дар ин ё он ғадуд мунтазам ҳосил шаванд.
Бисёр Г.-и одаму ҳайвонот монанд мебошанд. Аз ин рӯ, барои муолиҷаи одамони бемор гормони аз ғадудҳои эндокринии ҳайвонот гирифтаро чун дору ба кор мебаранд. Вале Г.-и сафедавӣ ё полипетидии инсон ва ҳайвон аз ҳамдигар фарқ доранд. Аксари Г. ва моддаҳои мушобеҳи онҳо дар лаборатория бо роҳи сунъӣ ба даст оварда шудаанд (ин барои амалияи тиб ниҳоят муҳим аст).
Дар организм ҳосил шудани Г. ба тариқи иртиботи чаппа танзим мешавад: агар қанди хун аз эътидол кам бошад, таҳвили инсулин (гормоне, ки аз таъсири он миқдори қанди хун кам мегардад) кам мешавад, вале тарашшӯҳи глюкагон (гормоне, ки ғилзати қандро дар хун зиёд месозад) меафзояд. Ҳамин тариқ, нафақат гормон ба рафти танзим таъсир мегузорад, балки вазъи худи ҳамин ҷараён низ ба суръати ҳосил шудани гормон таъсир мерасонад. Туфайли чунин таъсири мутақобила Г. ҳамеша дар як вазъи муайян қарор доштани муҳити дохили баданро таъмин менамоянд. Мас., онҳо «нозир»-и миқдори об, қанд ва электролитҳои хун мебошанд.
Тарзи ҳосил шудан ва таъсири Г., инчунин ихтилоли вазъи организмро дар аснои аз ҳад зиёд ё ниҳоят суст шудани фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ эндокринология меомӯзад.
Гормонҳои ғадуди сипаршакл. Ғадуди сипаршакл гормони тиреоидиро ҳосил мекунад. Ҳуҷайраҳои ин ғадуд маҳз йодро дар худ захира менамоянд. Агар миқдори йод (барои ҳосил шудани гормонҳои ғадуди сипаршакл зарур аст) кам шавад, бофтаи ғадуд меафзояд, дар натиҷа бемории ҷоғар ба вуҷуд меояд. Йод дар ҳуҷайраҳои ғадуд барои ҳосил шудани монойодтирозин ва дийодтирозин (онҳо дар ҳуҷайраҳои ғадуд бо сафеда пайваст шуда, тиреоглобулин ҳосил мекунанд) истифода мешавад. Тиреоглобулин таҳти таъсири ферменти махсус – протеиназа таҷзия шуда, гормонҳои фаъоли ғадуди сипаршакл – трийодтиронин ё тироксин ҳосил мегардад. Гормонҳои номбурда ба хун гузашта, бо сафедаҳои зардоби хун (бо алфа-глобулинҳо) пайваст мешаванд. Ин таркибот (комплексҳо) ба ҷузъҳо тақсим шуда, аз худ тироксин ва трийодтиронин ҷудо мекунанд. Трийодтиронин аз ҷиҳати физиологӣ нисбат ба тироксин фаъолтар аст, вале миқдори он дар зардоби хун 20 маротиба кам мебошад.
Гормонҳои ғадуди сипаршакл суръати мубодилаи энергияро меафзоянд. Ҳангоми ба организм гузаронидани тироксин, мубодилаи энергия баъди 24 соат суръат мегирад (баъди 10 – 12 рӯз ба дараҷаи олӣ мерасад). Дар мавриди ба организм гузаронидани трийодтиронин, табдили энергия барвақттар (баъд 6 – 12 соат) суръат хоҳад гирифт. Аз таъсири ҳамагӣ 1 мг тироксин сарфи шаборӯзии энергия тахминан 1000 ккал меафзояд. Тироксин ба бисёр сарф шудани моддаҳои ғизоӣ – ангиштоб, чарб ва сафеда мусоидат мекунад. Г.-и ғадуди сипаршакл ба раванди пластикии организм низ таъсир мерасонанд (дар натиҷа сабзиши организм вусъат меёбад). Ғайр аз ин, онҳо асабияи марказиро меангезанд, рефлексҳо (мас., рефлекси пайҳо)-ро неру мебахшанд; зери таъсири миқдори зиёди тироксин ангуштони даст меларзанд.
Дар ғадуди сипаршакл гормони тирокалтситонин низ ҳосил мешавад (мубодилаи калтсийро танзим менамояд). Аз таъсири гормони номбурда ҳуҷайраҳои маҳвсозандаи устухон (остеокластҳо) (нобудкунандаи устухон) табоҳ шуда, фаъолияти ҳуҷайраҳои устухонофар (остеобластҳо) тақвият меёбад. Тирокалтситонинро гормони сарфаи калтсий меноманд. Он аз ҷиҳати физиологӣ бағоят фаъол аст. Ба одамони солим таъсири он чандон зиёд нест. Вале агар онро беморе, ки дар таркиби хуни ӯ калтсий аз меъёр зиёд асту аз устухонҳо хориҷ мешавад, истеъмол намояд, ғилзати калтсий дар хун хеле кам мегардад.
Гормони ғадудҳои наздсипаршакл. Ин ғадудҳо паратгормон ҳосил мекунанд, ки аз таъсири он миқдори калтсий дар хун меафзояд. Дар мавриди кам ҳосил шудани он, миқдори калтсий ва фосфатҳои хун кам, вале ихроҷи фосфатҳо бо пешоб зиёд мегардад. Паратгормон фаъолияти остеокластҳоро пурзӯр мекунад, дар натиҷа калсий аз бофтаи устухон хориҷ шуда, ба хун мегузарад ва мизони он дар хун хеле меафзояд. Умуман, гормони мазкур ҳамаи он амалиётеро, ки боиси дар хун зиёд шудани ғилзати калтсий мегардад, метезонад. Он ба суръати аз рӯда ҷаббиш ёфтан ва аз найчаҳои гурда баргашта ҷаббида шудани калтсий тақвият мебахшад.
Гормонҳои ғадуди зери меъда. Аз омӯзиши сохти бофтаҳои ғадуди зери меъда маълум гардид, ки дар он чанд гурӯҳ ҳуҷайраҳо вуҷуд доранд (ба ном ҷазирачаҳои Лангерганс). Онҳо усораи худро ба хун ҷорӣ менамоянд, аз ин рӯ ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ ном гирифтаанд. Ҷазирачаҳои Лангерганс аз се намуд ҳуҷайраҳо (алфа-, бета- ва гамма-) таркиб ёфтаанд. Бета-ҳуҷайраҳо гормони инсулин, алфа-ҳуҷайраҳо гормони глюкагон хориҷ мекунанд.
Инсулин аслан гормони полипептидӣ аст. Нахустин гормоне мебошад, ки бо роҳи сунъӣ ҳосил карда мешавад. Инсулин аз девораи ҳуҷайраҳои мушак ва чарб гузаштани глюкозаро осон мегардонад. Азбаски ҳазми глюкоза андаруни ҳуҷайраҳо сурат мегирад, инсулин ба интиқоли глюкоза мадад расонида, аз глюкоза баҳра бурдани организм, синтези гликоген (ангиштоби захирашуда) ва дар мушакҳо гирд омадани онро таъмин месозад. Инсулин ҷараёни ҳосил шудани равғану сафедаро дар ҳуҷайра пурзӯр менамояд.
Пас аз тазриқи вояи калони инсулин миқдори зиёди глюкозаи хун ба ҳуҷайраҳои мушакҳои скелет, мушаки дил, инчунин ба ҳуҷайраҳои ғадуди шир ва диг. узвҳо мегузарад. Дар натиҷа ғилзати глюкозаи хун паст шуда, таъмини ҳуҷайраҳои асаб бо глюкоза халал меёбад. Бинобар ин фаъолияти мағзи сар ва ҳароммағз ноҷӯр гашта, садама (шок)-и инсулинӣ ё гипогликемиявӣ рух медиҳад. Агар миқдори глюкоза дар хун то 50 – 45 мг% (меъёраш 80 – 120 мг%) коҳиш ёбад, садама ба вуқӯъ мепайвандад. Дар мавриди гурусна будан, ҳатто аз миқдори камтарини инсулини ба организм тазриқшуда низ шоки гипогликемиявӣ ба амал меояд; агар ба сиёҳраг андак маҳлули глюкоза гузаронанд, шоки инсулинӣ зуд бартараф мешавад. Дар сурати дар организм нарасидани инсулин касалии қанд сар мезанад (ниг. Диабети қандӣ).
Глюкагон гормони дуюми ғадуди зери меъда аст. Он дар дохили ҳуҷайраҳо то ба дараҷаи глюкоза таҷзия шудани гликогенро танзим ва миқдори қандро дар хун зиёд мекунад. Глюкагон инчунин таҷзияи чарбро дар бофтаҳои чарбӣ метезонад. Хуллас, глюкагон баръакси инсулин таъсир мерасонад.
Гормонҳои ғадуди болои гурда. Ғадудҳои болои гурда аз мағз ва қишр иборат мебошанд; сохту вазифаи онҳо (чун ғадудҳои усораи дохилӣ) гуногун аст. Гормони мағзи ин ғадудҳо (адреналин) ва моқабли он (норадреналин) ба фаъолияти организм, аз ҷумла ба мубодилаи моддаҳои дохилиҳуҷайравӣ, таъсир мерасонанд. Онҳо таҷзияи кликогенро афзун ва захираи онро дар мушакҳою ҷигар кам менамоянд. Аз ин рӯ адреналину норадреналин моддаҳои зидкори инсулин мебошанд. Аз таъсири адреналин глюкозаи баъди таҷзияи гликоген озодшуда ба хун мегузарад ва гипергликемияи ба ном адреналинӣ (серқандӣ аз адреналин) ба миён меояд. Адреналин интиқоли ҷунбаи асабҳои дилро афзуда, кори дилро тез ва қавитар мегардонад; аз таъсири он тонуси мушакҳои суфтаи меъда ва рӯдаҳо, ҳаракати мавҷвори онҳо суст мешавад. Аммо баъзе мушакҳои суфта аз таъсири адреналин ба кашиш меоянд, мас., мушакҳои пардаи рангинкамони чашм ба кашиш омада, гавҳарак васеъ мешавад; мушакҳои суфтаи мӯйхезони пӯст кашиш хӯрда, мӯйҳо сих мешаванд, бар пӯст мурғак медамад. Ҳаноми истеъмоли адреналин фаъолияти мушакҳои скелет ва даррокҳои биноию шунавоӣ афзун мегардад. Дар ҳолатҳое, ки фаъолияти организм ва мубодилаи моддаҳо пурзӯр бошад (мас., ҳангоми ҳаяҷони рӯҳӣ, кори ҷисмонӣ, хунук хӯрдан ва ғ.), адреналин зиёд ҳосил мешавад.
Гормонҳои қишри ғадудҳои болои гурда: минералокортикоидҳо – алдостерон, кортикостерон, дезоксикортикостерон (мубодилаи моддаҳои минералиро танзим мекунанд); глюкокортикоидҳо – гидрокортизон, кортизон ва кортикостерон (бештар ба мубодилаи ангиштобҳо, сафедаҳо ва чарбҳо таъсир мерасонанд); гормонҳои ҷинсӣ – андрогенҳо, эстрогенҳо, прогестерон. Алдостерон мизони натрий ва калийро дар хун танзим менамояд. Таҳти таъсири алдостерон дар хун ва моеи бофтаҳо ғилзати хлориди натрий баланд мегардад. Дар натиҷа дар организм оби бисёр ҷамъ шуда, фишори шараён баланд мебарояд. Норасоии минералокортикоидҳо акси ҳол – талафоти об, яъне тағйиротеро ба амал меоранд, ки зистан имконнопазир аст. Бинобар ин минералокортикоидҳоро «гормонҳои муҳофизи ҳаёт» меноманд.
Глюкокортикоидҳо ва гормони нисбатан фаъоли онҳо –гидрокортизон дар ҷигар ҳосил шудани глюкозаро тезонида, бо ин роҳ миқдори қандро дар хун зиёд мегардонад. Дар натиҷа миқдори гликоген дар ҷигар меафзояд (ҳамин аст фарқи таъсири глюкокортикоидҳо ва адреналин). Ҳангоми тазриқ намудани глюкокортикоидҳо, ҳатто дар сурати ба миқдори кофӣ бо хӯрок истеъмол шудани сафедаҳо низ, мувозинаи нитроген вайрон мегардад. Ин далел ба он аст, ки дар организм таҷзияи сафедаҳо назар ба синтези онҳо афзун мебошад, вале дар ҷигар суръати ҳосил шудани сафедаҳо, махсусан ферментҳо, афзудааст. Глюкокортикоидҳо аз захирагоҳ баромадан ва дар ҷараёни мубодилаи энергия сарф шудани чарбро тақвият медиҳанд. Дар мавриди кам ҳосил шудани онҳо муқовимати организм суст гашта, бемориҳо вазнин ҷараён мегиранд. Глюкокортикоидҳо муқовимати организмро бар зидди тарбод, илтиҳоб ва баъзе бемориҳои диг. суст менамоянд. Азбаски гормонҳои номбурда ҷараёни илтиҳобро фурӯ менишонанд, онҳоро «гормонҳои зидди илтиҳоб» номидаанд. Дар мавриди дард, зарбулат, талафи хун, гармозанӣ, сармозанӣ, заҳролудӣ, бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои вазнини рӯҳӣ глюкокортикоидҳо зиёд ҳосил мешаванд.
Гормонҳои ҷинсии қишри ғадудҳои болои гурда (андрогенҳо ва эстрогенҳо) дар инкишофи узвҳои ҷинсии давраи бачагӣ, вақте ки ғадудҳои ҷинсӣ ба тарашшӯҳи гормонҳо ҳанӯз шурӯъ накардаанд, мавқеи бағоят калон доранд. Баъди ба балоғат расидан (вақти ба кор даромадани ғадудҳои ҷинсӣ), моҳияти гормонҳои номбурда кам мегардад.
Гормонҳои ғадудҳои ҷинсӣ. Гормонҳои ҷинсӣ – андрогенҳо (гормонҳои ҷинсии мардона) ва эстрогенҳо (гормонҳои ҷинсии занона) фаъолияти ҷинсии организмро таъмин мекунанд. Ба туфайли ин гормонҳо аломатҳои ҷинсии дуюмин инкишоф меёбанд. Гормонҳои ҷинсии занона барои мӯътадил гузаштани ҳомилагӣ ва омода шудани организми зан ба макондани навзод аҳамияти калон доранд.
Гормонҳои гипофиз аз рӯи моҳияти физиологӣ ду навъ мешаванд. Яке аз онҳо ғадудҳои дигари эндокриниро бедор карда, ба кор меандозад. Чунончӣ, гормонҳои адренокортикотропӣ (ба ғадудҳои болои гурда таъсир мекунад), тиреотропӣ (ба ғадуди сипаршакл таъсир мерасонад), фолликулангез (яъне ангезандаи пуфакчаи тухмдонҳои зан), гормони лактотропӣ (ангезандаи ғадуди шир) ва ғ. Дигар гормонҳои гипофиз ба организм таъсири умумӣ мерасонанд, мас., гормони соматотропӣ (ба сабзиши организм кумак мекунад).
Оқибати назарраси дур сохтан, маҳв кардан ё рушди нокифояи гипофиз инкишофи сусти организм мебошад. Баръакс, фаъолияти тези гипофиз (мас., дар натиҷаи пайдо шудани омос) боиси сабзиши барзиёди баробар ва ё нобаробари баъзе узвҳо мегардад (ниг. Гигантизм, Акромегалия).
Гормони интермедин дар ҷараёни ранг гирифтани пӯст ва пардаи луобӣ иштирок мекунад. Дар хун зиёд гаштани гормони мазкур дар мавридҳои ҳомилагӣ, бемории биринҷӣ (ниг. Бемории Аддисон) ва ғ. мушоҳида мешавад.
Гормони зидди пешоб (вазопрессин) ҷудошавии пешоб ва ихроҷи обро ба тартиб медарорад.
Гормони окситотсин кашиш хӯрдани мушаки бачадон ва ҷараёни таваллудро танзим намуда, шири модарро зиёд мекунад.
Гормонҳои таъсирашон ҷузъӣ (гормонҳои бофтаҳо) аз ҳуҷайраҳои махсус, ки дар узвҳои мухталиф мавҷуданд, ҳосил мешаванд. Онҳо кори узвҳоеро, ки худ дар он ҷо ҳосил гардидаанд, танзим мекунанд. Мас., гастрин аз ҳуҷайраҳои меъда ҳосил шуда, тарашшӯҳи шираи меъдаро метезонад; гистамин аз ягон қитъаи пӯст ҷудо шуда, рагҳои ҳамон ҷоро васеъ месозад, хориш ва дардро ба вуҷуд меорад; паротин аз ғадуди оби даҳон (баногӯш) ҳосил гашта, ба сабзиши дандонҳо, бофтаи тағоякӣ, устухон ва ғ. асар мекунад.
Г. дар муолиҷаи бемориҳо фаровон истифода мешаванд. Ихтилоли танзими Г. боиси пайдоиши бисёр бемориҳои асаб, узвҳои дарунӣ, дастгоҳи ҳаракат ва ғ. мегардад. Аз ин лиҳоз муолиҷа бо Г. омили муҳими табобати нафақат иллати ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ, балки бисёр бемориҳои диг. низ мебошад.
Худтабобат бо Г. мумкин нест, зеро он метавонад оқибати хеле вазнин ба бор орад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

zaminlarza

РАВАНДҲОЕ, КИ ДАР ЛИТОСФЕРА БА АМАЛ МЕОЯНД

Равандҳои дар литосфера ба амал меомада – Заминларза ва сабабҳои пайдоиши онҳо. Ба мо маълум …