Главная / Илм / ГРАНУЛЁМАИ ДАНДОН

ГРАНУЛЁМАИ ДАНДОН

granulyomai-dandonГРАНУЛЁМАИ ДАНДОН, иллати илтиҳобие, ки дар периодонт падид омада, шакли кура ё тухмро дорад. Г. д. аз ҷумлаи периодонтити гранулематозӣ буда, дар натиҷаи газаки музмин, ки бинобар аз ҷӯйи решаи дандон сироят ёфтани периодонт рух менамояд, пайдо мешавад. Ду навъи Г. д. мавҷуд аст: сода ва мураккаб. Ҳангоми Г. д.-и мураккаб дар бофтаи иллатӣ лифҳои пӯст месабзанд. Аз чунин гранулёма бисёр вақт кистогранулёма ё кистаи дандон ташаккул меёбад.
Аломатҳои болинии Г. д. кам падид меоянд; маризӣ ҳангоми тадқиқи рентгенологӣ ошкор карда мешавад. Г. д. зери таъсири омилҳои гуногун (хунук хӯрдан, осеб ёфтани периодонт ҳангоми муолиҷа, бемориҳои аз сар гузаронида ва ғ.) фасод пайдо мекунад; фасод баъзан ба бофтаҳои нарм, бофтаҳои устухони ҷоғ ва пардаи устухон густариш меёбад.
Г. д.-ро бо дору ва усули ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Беморӣ некфарҷом аст.

С.С. Субҳонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …