Главная / Илм / ҚАБУРҒА

ҚАБУРҒА

kaburgaҚАБУРҒА, устухонҳои ҷуфту камоншакле, ки бо сутунмӯҳра пайванданд. Қ. ва тӯш дар хазандаҳо, паррандаҳо, ширхӯрон ва одам қафаси синаро ташкил медиҳанд. Дар ҳайвонот Қ. болоию поёнӣ мешавад. Қ.-ҳо узвҳои дарунро ҳифз мекунанд. Одам 12 – ҷуфт Қ. дорад: Ҳафт ҷуфт Қ.-и боло (1 – 7) Қ.-ҳои ҳақиқӣ ном доранд. Қ.-ҳои VIII – X ба устухони тӯш пайваст нестанд ва онҳороҚ.-ҳои қалбакӣ меноманд. К.-ҳои қалбақӣ бо тағоякҳои худ ба ғузруфи ҳар кадом Қ.-и аз худаш боло пайваст шуда, камони Қ-ро ба вуҷуд меоранд. Қ. 11 ва 12 аз нӯги пеш бо Қ.-ҳои дигар пайваст нашуда, дар мушакҳо ба охир мерасанд; онҳоро Қ.-ҳои ҷунбанда меноманд. Аз иллати Қ. бештар шикасти Қ. вомехӯрад.
КЛ
Расми 1. Тарзи пайваст шудани қабурға бо мӯҳраҳо; намуд аз рост. 1 – бандаки иклилии сараки қабурға; 2 – бандаки дарозрӯяи пеш; 3 – қурс (диск)-и байни мӯҳраҳо; 4 – бандаки байниарзӣ; 5 – қабурға; 6 – бандаки кабурғаю арзӣ; 7 – чуқураки қабурғавии шохаи арзӣ; 8 – шохаи бандаки боло; 9 – чуқураки болоии қабурға.
Расми 2. Тарзи пайваст шудани қабурғаҳо бо мӯҳра ва чаноғ (сарсина); намуд аз боло. 1 – банди қабурғаю арзӣ; 2 – шохаи арзии мӯҳра; 3 – шохаҳои бандаки болоии мӯҳраҳо; 4 – мӯҳра; 5 – бандаки қабурғаю арзӣ; 6 – банди сараки қабурға; 7 – қабурға; 8 – бандаки иклилии сарсинаю қабурға; 9 – пардаи сарсина; 10 – тағояки қабурға; 11 – теппачаи қабурға.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …