Главная / Илм / ГРАНУЛЁМА

ГРАНУЛЁМА

ГРАНУЛЁМА (Granuloma; аз лот. granulum – донача), манбаи илтиҳоб, ки ба шакли гиреҳчаҳо падид меояд. Баъзе Г.-ҳоро бо чашм базӯр дидан мумкин аст; Г.-ҳои дигар хеле калон (диаметрашон чанд сантиметр) мешаванд. Г.-ҳо дар бофтаю узвҳо ҳангоми баъзе бемориҳои сироятӣ ва сироятию аллергӣ (сил, сифилис, листериоз, махав, манқа, домана, тарбод ва ғ.), ҳамчунин дар атрофи ҷисми бегона ташаккул меёбанд. Дар китобҳои тиббӣ баъзе Г.-ҳо номи хос доранд, мас., Г.-и сифилис – гумма, Г.-и махав – лепрома ва ғ. Г.-ҳо баъди ба охир расидани даври инкишоф хадша (карахш) мебанданд. Зуҳуроти Г.-ҳо ба мавқеъ, миқдор, ҳаҷм, инчунин дараҷаи таҷзия ва хадша бастани онҳо вобаста аст. Мас., мавҷудияти Г.-ҳои сершумори тарбодии миокард боиси пайдоиши кардиосклерози тарбодӣ ва нуқси дил мешавад. Ниг. низ Илтиҳоб.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …