Главная / Илм / ГОСПИТАЛ

ГОСПИТАЛ

hospitalГОСПИТАЛ (Nosocomium), муассисаи табобатӣ барои муолиҷаи хизматчиёни ҳарбие, ки бемори бистарианд. Баъзе муассисаҳои табобатии аҳолиро низ Г. меноманд. Г.-ҳои ҳарбӣ доимӣ (дар замони осоишта ва давраи ҷанг вуҷуд доранд) ва сайёр (фақат дар давраи ҷанг таъсис меёбанд) мешаванд. Дар Г.-и доимии ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин офитсерон ва генералҳое, ки ба истеъфо баромадаанд, муолиҷа карда мешаванд. Г.-и сайёр (Г.-ҳои ҷарроҳӣ, терапевтӣ, барои амрози сироятӣ ва сабук захмишудагон) ва Г.-и эвакуатсионӣ (кӯчанда) дар давраи ҷанг таъсис мешаванд. Г.-и сайёр, ки нақлиёти худро дорад ва бо таҷҳизоти сайёр, хайма ва асбобу анҷоми тиббӣ таъмин аст, аз паи қӯшунҳо меравад. Г.-ҳои эвакуатсионӣ асосан дар ақибгоҳи фронт ва қисман дар маҳалли фронт ҷойгир мешаванд.
Беморони ҳарбиро дар ҷойҳои махсус табобат кардан бори аввал дар а. 1 то м. дар Рим шурӯъ шудааст. Дар а. 13 дар Миср, дар а. 16 дар Испания ва дар а. 18 дар Россия Г.-ҳои ҳарбӣ таъсис ёфтанд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Тоҷикистон аз шаҳрҳои марказӣ, ки набардҳои шадид идома меёфтанд, 29 Г. кӯчонида шуд (барои 10170 кат). Аз он миқдор 8 Г. дар ш. Душанбе ҷой гирифт (барои 2335 кат). Ҳар Г. самти муолиҷаи муайян дошт. Мас., Г.-и № 4446 – амрози асаб, № 4447 – ортопедию осебшиносӣ, № 4450 ва № 4451 – ҷарроҳӣ ва ғ. Дар тӯли 2,5 соли фаъолияти худ Г.-ҳо ба 16,5 ҳаз. маҷрӯҳон ва беморон мадад расонданд.
Айни замон дар Тоҷикистон 5 Г. фаъолият дорад (Кумитаи амнияти миллӣ – 1, Вазорати умури дохилӣ – 1, Горди миллӣ – 1, Вазорати мудофиа – 2). Г.-и аввалин с. 1993 дар пойгоҳи собиқ Г.-и иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъсис ёфтааст. Яке аз Г.-ҳои Вазорати мудофиа дар вил. Суғд (ш. Хуҷанд) ҷой гирифтааст. Он с. 1996 ба фаъолият пардохта, дорои 75 кат мебошад (с. 2010).

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …