ГРАНУЛОСИТҲО, лейкоситҳои дона-дона, ҳуҷайраҳои сафеди хан, ки дар ситоплазма шакли ба худ хоси дона-дона доранд. Г.-ро аз рӯи қобилияти рангиншавии донаҳо ба ду гурӯҳ – эозинофилҳо ва нейтрофилҳо ҷудо мекунанд. Г. массаи асосии лейкоситҳои хуни одамро ташкил медиҳанд. Вобаста ба синну сол, ҳолати физологӣ ва бемориҳо таносуби намудҳои гуногуни Г. дар организм тағйир меёбад. Г. қобили фагоситоз мебошанд. Онҳо метавонанд аз раги хун ба бофтаҳои пайвандӣ гузашта, дар раванди илтиҳоб ширкат варзанд. Г. дар узвҳои махсуси хунофар ҳосил мешаванд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад
Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …