Главная / Илм / ГРИПП

ГРИПП

ГРИПП (Grippus), бемории сироятии вирусие, ки бо заҳролудии умумии организм (баланд шудани ҳарорати бадан, беҳолӣ, дарди сар, дилбеҳузурӣ, баъзан қайкунӣ) ва илтиҳоби луобпардаи роҳи нафас ҷараён мегирад. Ангезандаи Г. вирусҳои типи А, В, С мебошанд.
Ангезаҳои грипп ба оилаи ортомиксовирусҳо (Orthomyxoviridae) мансубанд. Ба ин оила се ҷинс – вирусҳои гриппи А, вирусҳои гриппи В, ҳамчунин вирусҳои гриппи С тааллуқ дорад. Заррача (вирион)-ҳои вируси гриппи А мудаввар, ришташакл, нокшакл ва кирмшакл мебошанд. Хусусан заррачаҳои мудаввари он бисёранд (диаметрашон 80 – 120 нм). Вирионҳои мазкур дорои КРН, сафеда, ангиштоб, липидҳо, ҳамчунин гемагглютинин ва нейраминидаза мебошанд; серотипи онҳо ҳангоми ишора кардани штаммҳои вируси А нишон дода мешавад. Мувофиқи Феҳристи байналмилалӣ штаммҳои вируси А аз рӯи нақшаи стандартӣ тавсиф меёбанд. Вирусҳои навъи А вобаста ба хосиятҳои антигении гликопротеидҳои пардаи берунӣ – гемагглютинин (Н) ва нейраминидаза (N) ба зертипҳо ҷудо карда мешаванд.
Вирусҳои Г. ба таъсири ҳарорати паст пурбардошт буда, ҳангоми гарм кардан ва ҷӯшондан, зуд маҳв мешаванд. Вирусҳои Г. хусусан ба афканишоти ултрабунафш ва таъсири васоити гандзудо (дезинфексиявӣ) ҳассосияти баланд доранд.
Манбаи сироят шахси бемор, ҳамчунин ашхосе, ки Г. дар онҳо ба таври ниҳонӣ сурат гирифтааст, ба шумор мераванд. Мариз барои атрофиён хусусан дар давраи оғози беморӣ хавфнок аст. Вирусҳо то рӯзҳои 4 – 7 маризӣ дар вақти гуфтугӯ, сурфидан ва атса задан хориҷ карда мешаванд (ҳангоми рух намудани пневмония – 10 – 12 рӯз). Сироят дар натиҷаи тавассути ҳаво ба роҳи нафас афтодани ангезаҳо ба вуқӯъ мепайвандад. Г. чун эпидемия пайдо мешавад. Вай ногаҳон сар шуда, зуд паҳн мегардад ва ҳатто мумкин аст ба пандемия табдил ёбад. Дар давраи эпидемия гирифторӣ ба Г. ва амрози зукомии дигар 10 – 12 маротиба меафзояд. Дар ин давра роли тағйирпазирии сохтори антигении вируси Г. калон аст. Баъди пандемия вируси нав бидуни тағйирот боз 2 – 3 соли дигар фаъолият менамояд. Ба паҳн гаштани Г. омилҳои мазкур мусоидат менамоянд: тавассути ҳаво зуд интиқол ёфтани ангезаҳо; тағйирпазирии сохтори антигении вирус; кӯтоҳ будани давраи ниҳонӣ (инкубатсиявӣ). Авҷи беморӣ ба фаслҳои зимистону баҳор рост меояд.
Ангезандаи Г. ҳангоми нафаскашӣ, гуфтугӯ, сулфа, атса задан, тавассути чакраҳои оби даҳон, луоби бинӣ ва балғам ба ҳаво гузашта, ба атрофиён сироят менамояд. Бозичаҳо, пистонак, косаву табақ, сачоқ ва ғ. низ метавонад воситаи сироят аз ангезандаи Г. шаванд. Дар аснои сабук ҷараён доштан, Г. барои атрофиён хеле хатарнок аст. Чунки беморон ба духтур нарафта, бистарӣ намешавад ва бо ҳамин роҳ вирусҳои Г.-ро паҳн мекунанд.
Ба Г. одамони синну солашон гуногун дар ҳама фасли сол (бештар тирамоҳу зимистон) гирифтор мешаванд. Дар муддати 11 – 18 сол навъҳои дигари вирусҳо ба вуҷуд меоянд, бинобар ин беморӣ қисми зиёди аҳолии ин ё он мамлакатро ба доми худ мекашад (эпидемия), баъзан ба тамоми ҷаҳон паҳн мешавад (пандемия).
Вирусҳо баъди сироят намудан ба организм, қисман нобуд шуда, моддаи заҳрнок (эндотоксин) ҷудо мекунанд. Рӯзҳои аввали беморӣ табларза, беҳолӣ, дарди банду буғум ва мушакҳо, таб (то 37,1 – 37,20С) ба мушоҳида мерасад.
Беморӣ ногаҳон сар мезанад: одами солим дар як муддати кӯтоҳ касали вазнин мешавад. Зимни заҳролудии организм (аз эндотоксини Г.) табларза, ҳарорати баланд (38 – 390С), сарчархзанӣ, дарди сар (асосан дар пешонӣ, чаккаи сар, чашмхона), беҳолӣ, дарди банду буғумҳо ва мушак, дилбеҳузурӣ, қай ва вуҷуд меоянд; рӯи бемор сурх мешавад. Аксаран аз аввали беморӣ ё рӯзи дигар аломатҳои назла (нафасгирии душвор, зуком, хориши гулӯ, сулфаи хушк, дарди гулӯ ҳангоми фурӯбарӣ) падид меоянд. Баъзан оби чашм рафта, бемор ба рушноӣ нигариста наметавонад. Агар беморӣ оқибати бад наорад, ҳарорат баъди 2 – 4 рӯз мӯътадил мешавад. Аломати назла тадриҷан нест шавад ҳам, бемор чанд рӯз худро бемадор ҳис мекунад.
Ҷараёни беморӣ метавонад сабук ё мубҳам (дар ин ҳолатҳо бемор худро андак бад ҳис мекунад) бошад. Бо вуҷуди ин агар режими бистарию тавсияҳои духтур риоя нашаванд, оризаҳои ногувор (мас., газаки шуш, гайморит), газаки ҷавфҳои иловагии бинӣ, отит (газаки гӯш), иллати дил, илтиҳоби пардаҳои мағзи сар ва ғ. ба амал омаданашон мумкин аст. Оризаи нисбатан маъмули Г. пневмония аст. Дар давраи оғози беморӣ осеби вирусии шуш дар хунравӣ (ҳеморагия) ва варам падид меояд, ки бидуни тағйири илтиҳобӣ аст. Ин асос бар он нест, ки гӯё пневмонияи сирф вирусӣ пайдо шуда бошад. Иллатҳои илтиҳобӣ дар шуш ҳангоми асари такрории бактерияҳо ба вуҷуд меоянд. Он мумкин аст бинобар сирояти экзогенӣ (бештар сирояти пневмококкҳо) ё дар натиҷаи фаъол гаштани микрофлораи эндогенӣ (стафилококкҳо, стрептококки ҳемолизӣ ва ғ.) рух намояд. Пайдоиши пневмонияро ҳангоми Г. фақат ба бактерияҳо вобаста кардан хатост. Дар мавриди хелҳои оризаноки Г. бо кӯмаки усули иммунофлюоресентӣ дар организм то 10 – 14 рӯз вуҷуд доштани вирусҳои Г.-ро муқаррар кардан мумкин аст (ҳини Г.-и беориза вирус аз организм дар рӯзҳои 4 – 5 маризӣ нест мешавад). Ҳамин тавр, ҳангоми Г. пайдоиши пневмонияро метавон вирусию бактериявӣ номид. Онро дар вақти андешидани тадбирҳои муолиҷавӣ ва зидди эпидемиявӣ ба эътибор гирифтан шарт аст.
Дар аснои Г. аз оризаҳои дигари бактериявӣ ҳамчунин фронтит, гайморит, отит, мастоидит, бронхиолит дучор меоянд. Осеби заҳрии миокард (миокардити гриппӣ) дар калон шудани дил, тахикардия ва бесуботии набз ба назар мерасад. Гоҳо дардҳои стенокардӣ ва ихтилоли низоми кори қалб мушоҳида хоҳанд шуд. Дигаргунии мушакҳои дил дар ЭКГ низ дида мешавад. Оризаҳои аз ҷониби асабияи марказӣ рухнамуда натиҷаи токсикоз мебошанд ва ба тағйироти илтиҳобӣ вобаста нестанд. Дар бобати сарсом ё энсефалити гриппӣ низ фикр рондан беасос аст. Ангезиши заҳрии (токсикии) пардаи мағзи сар боиси дигаргуниҳои илтиҳобии моеи ҳароммағз намешавад. Ва дуруст мебуд, ки чунин оризаро менингизм биномем. Ҳангоми Г. осебҳои вазнин ва хавфноки майна (энсефалопатия) ба вуҷуд меоянд, ки сабаби онҳо хуншории мағзи сар ва варами майна мебошад. Аз ҷиҳати аломатҳои сарирӣ онҳо ба энсефалит шабоҳат доранд.
Дар мавриди аз сар гузаронидани Г. ҳамчунин мумкин аст бемориҳои музмини пешина (сил, тарбод, тонзиллити кӯҳан, холесистохолангит, пиелит ва ғ.) авҷ гиранд. Масъалаи ба беморхона хобондани беморро духтур ҳал мекунад.
Яке аз шаклҳои вазнини Г., ки боиси фавти одамон мешавад, Г.-и мурғон аст. Онро вируси H5N1 меангезад. Вирус с. 1997 дар Сянган (Гонконг) ошкор карда шуд. Он бевосита аз паррандаҳо ба одам сироят мекунад. С. 1997 онро якбора дар 30 мамлакати дунё ба қайд гирифтанд. Ҳолатҳои аз одам ба одам гузаштани вируси Г.-и мурғон муқаррар нашудааст. Аломатҳои Г.-и мурғон аз Г.-и муқаррарӣ фарқ надоранд. Оризаҳои он (пневмония, осеби гурдаю ҷигар, узвҳои хунофар ва ғ.) хавфнок мебошанд. Манбаи вирус мурғу мурғобӣ, ғоз, қу, кабутар, мурғи марҷон ва диг. паррандагон маҳсуб мешаванд.
Солҳои охир дар бисёр мамлакатҳои дунё навъи дигари Г., ба истилоҳ Г.-и хукон, ба қайд гирифта шудааст. Г.-и хуконро штаммҳои вируси А/H1N1, A/H1N2, A/H3N2 меангезанд. Онҳо дар байни хукҳо паҳн шуда, ба одамон ва парандагон низ сироят мекунанд. Ангезандаи Г.-и хукон, ки с. 2009 дар бисёр мамолики Амрико, Аврупо ва Осиё густариш ёфт, штамми вируси H1N1 буд. Аломатҳои Г.-и хукон ба мисли дигар шаклҳои Г. аст. Бештар дар ашхоси гирифтори бемориҳои музмини дил, шуш, гурда, ҷигар, диабети қанд, омосҳои гуногун, одамони фарбеҳ, солхӯрда, занҳои ҳомила, кӯдакон, кормандони ҳифзи тандурустӣ ва ғ. дучор меояд.
Ҳангоми дар хона табобат кардани бемор, барои паҳн нашудани сироят, маризро ба хонаи алоҳида хобондан ё ҷойхоби ӯро бо парда ҷудо кардан лозим аст. Бемор бояд дар вақти гуфтугӯ, сулфа ва атса задан, даҳону биниашро бо рӯймолча пӯшонад. Парастори бемор бояд ба даҳону бинӣ ниқоб ё бандинаи докагӣ (4 – 6 қабат) дошта бошад. Докаро шуста дарзмол мекунанд. Ҳам дар давоми таб (давраи вараҷа), ҳам чанд рӯз баъди он, бемор бояд бистарӣ бошад. Бемори ҳарораташ баланд ва табларза гирифтаро ба ҷойгаҳи гарм хобонда, ба пояш гармкунак (400С) мегузоранд, лимучойи гарм медиҳанд. Ҳарорати хона бояд 18 – 200С бошад; ҳавои хонаро зуд-зуд тоза, ҷилди болишт ва ҷойпӯшро ҳар рӯз иваз намудан зарур аст. Бисёр нӯшидани чой (бо қиёми настаран), оби сабзӣ, афшураи сабзавоту мева, лимучой ва мураббо (аз тамашк ва марминҷон) нафъ дорад. Азбаски бемор беиштиҳост ба ӯ дар як шаборӯз 6 – 7 маротиба кам-кам хӯрок медиҳанд. Дар таркиби хӯрок сафедаҳои зудҳазм бояд зиёд бошанд (гӯштоб, котлети гӯштин ва моҳигини дампухт творог ва ғ.). Баъди истеъмоли ғизо даҳонро бо маҳлули содаи хӯрданӣ чайқонда (ба 1 истакон об 1/4 қошуқча сода), дандонҳоро рӯзе ду маротиба тоза кардан лозим.
Барои табобати Г. доруи махсус нест. Аз ин рӯ худмуолиҷа зарар дорад. Косаву табақи беморро ҷудо карда, онро дар маҳлули содаи 1% (ба 1 л об 2 қошуқча содаи хӯрданӣ) ё дар маҳлули оҳаки хлорноки 0,5%-и софкоришуда (ба 1 л об 1 қошуқи чойхӯрӣ) 5 дақ. ҷӯшондан лозим. Ба хӯроки пасмонда об андохта, 5 дақ. меҷӯшонанд ва сипас ба канализатсия мерезанд. Либосҳои таги беморро бояд 15 дақ. ҷӯшонд. Фарш ва ҷиҳози хонаи ӯро ҳар рӯз 2 маротиба ба латтаи тар (маҳлули 0,5%-и оҳаки хлорнок) пок кардан шарт аст.
Дар вақти эпидемияи Г. ба беморхона ва профилакторияҳо даромадани одамони солим манъ мебошад; барои қабули беморони Г. дар поликлиникаҳо хонаи дари даромад ва баромадаш алоҳидаро ҷудо мекунанд.
Барои пешгирии Г. обутоби организм, варзиши ҷисмонӣ ва спорт, муолиҷаи иллати узвҳои нафас аҳамияти калон дорад. Ғайр аз ин, давои махсус – ваксинаи зидди Г.-ро истифода мебаранд. Моягузаронӣ ҳама вақт Г.-ро пешгирӣ намекунад, аммо беморӣ сабук ҷараён мегирад.
Ад: Қамардинов Х.Қ. (ва диг.), Бемориҳои сироятӣ, Д., 2000; Шувалова Е.П., Инфекционные болезни, М., 1999; Қамардинов Х.Қ., Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009.

Ш.А. Тошева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …