Главная / Илм / ЛӯБИЁ

ЛӯБИЁ

lubiyoЛӯБИЁ (Phascolus vulgaris), растаниест яксола. Пояаш печони сершохча, баргаш сермӯяк, гулаш гулобӣ, бунафш, зардтоб ё сафеди сабзча, ғилофакаш дароз (2 – 10 тухм дорад).
Л. зироати ғизоӣ ва шифобахш аст. Дони онро ба таом меандозанд, дар саноати консерву таббохӣ истифода мебаранд. Дар таркиби дони Л. сафеда, равған, оҳар, қанд, витаминҳо А, В, С мавҷуд аст. Аз баргаш ҷавҳари лиму ва чанд хел дору тайёр мекунанд.
Бино ба маълумоти Абӯмансури Муваффақ Л. нерӯро меафзояд. Л.-и сурх ҷанини фавтидаро аз бачадон хориҷ месозад, хунравии баъд аз таваллудро бозмедорад. Абӯалии Сино Л.-ро барои сина ва шуш муфид ҳисобидааст. Бино ба маълумоти Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ Л. хосияти поксозӣ дорад, сангро ҳал мекунад, дони он пешобро меронад. Л.-и сафед дамишовар буда, дер ҳазм мешавад, сина ва шушро нарм, ҷисмро фарбеҳ месозад. Истеъмоли аз меъёр зиёди Л. боиси хобҳои даҳшатнок мегардад.
Дар тибби халқӣ нақеъи ғилофак ё гули хушки Л.-ро ҳангоми иллати гурда ва масона, бемориҳои дилу рагҳо (ғалаёни хун, заъф ва илтиҳоби дил), барои муолиҷаи диабети қанд, тарбод ва ниқрис истифода мебаранд. Рӯзе пеш аз таом 3 – 4 маротиба истеъмол намудани 0,5 истакон нақеъи гули Л. дарди санги гурда ва талхадонро нафъ мебахшад. Хокаи ғилофаки Л.-ро ба шукуфа, захмҳои сӯхтаи обдор, ҷароҳатҳои фасоднок, саромос мепошанд. Орди Л.-ро хамир карда ба ҷароҳат, ҳафтпӯст, хасмол мебанданд. Таоми лӯбиёдорро ба сифати ғизои нерубахши меъда тавсия медиҳанд. Истеъмоли Л. боднок, дерҳазм буда, аз он дар бадан моддаи ғализ пайдо мешавад, узвҳои даруни сина ва шушро мулоим мекунад, манӣ ва шир пайдо менамояд, боҳро ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ месозад, пешоб ва ҳайзро равон мекунад. Агар Л.-ро бо каме қанд биёшоманд, хунеро, ки аз занони навзоида меояд, пок мегардонад, бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад.
Табибони халқии олмонӣ ҷӯшоби ғилофак, поя ва пӯсти хушки дони Л.-ро давои бемориҳои гурда, обхӯра, саръ, диабети қандӣ меҳисобанд.
Дар тибби муосир Л. ба сифати ғизои парҳезӣ ва давоӣ истифода мешавад. Ҷавҳари аз пӯсти дони Л. тайёркарда миқдори қанди хунро кам мекунад. Бинобар ин, онро барои беморони гирифтори диабети қандӣ тавсия медиҳанд.
Ад.: Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …