Главная / Илм / ГРАЧЕВА Галина Василевна

ГРАЧЕВА Галина Василевна

braginskiyГРАЧЕВА Галина Василевна (тав. 3. 4. 1934, ш. Куйбишев), терапевт, доктори илми тиб (1976), проф. (1979). Аълочии тандурустии ИҶШС, Аълочии макотиби олӣ. Баъд аз хатми Ин-ти тиббии Куйбишев (1957) ординатори беморхонаи №17 (1958 – 62), инструктори Кумитаи ҳизбӣ (1962 – 64), аспирант ва ассистенти (1964 – 77) кафедраи таълими бемориҳои дарунии Ин-ти тиббии ш. Куйбишев буд. Проф. кафедраи терапияи госпиталии №2 (1977 – 78), мудири кафедраи таълими бемориҳои даруни фак-ти муолиҷавӣ (1978 – 97), ҳамзамон (аз 1982) проректор оид ба корҳои таълиму тарбияи ДДТТ. Муаллифи 100 таълифоти илмист. Феълан дар хориҷи ҷумҳурӣ кору фаъолият дорад.
Ос.: Пороки сердца у больных с ревматоидным артритом. Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикистана», 1982, 1, 62; О достижениях и задачах ревматологии в Таджикской ССР. Дар маҷ.: «Вопросы ревматизма», 1982, 4, 17.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …