Главная / Илм / АКУШЕРИ

АКУШЕРИ

akusheriАКУШЕРИ (Obstetricia), момоӣ, қобилагӣ, як соҳаи тибби клиникӣ. Равандҳои муқаррарӣ ва носомониҳои мухталифи организми занро, ки ба обистанӣ, ҳомилагӣ, зоиш ва вазъи пас аз таваллуд вобастаанд, меомӯзад. Дарёфти усулҳои кумаки момоӣ, пешгирӣ ва муоличаи аворизи ҳомилагӣ ва зоиш, инчунин бемориҳои ҳамил ва навзод вазифаҳои А. мебошад. А. яке аз соҳаҳои қадимтарини тибби амалӣ ба шумор меравад. Маълумоти аввалин оид ба баъзе усулҳои ёрии тиббӣ дар аснои душвор будани таваллуд ҳанӯз дар папирусҳои Эберси Мисри Қадим (ҳазораҳои 3 – 2 то м.) оварда шудаанд. Дар китоби муқаддаси ҳиндуҳо «Аюрведа» (а. 8 то м.) масъалаҳои диететикаи ҳомила ва як қатор усулҳои ёрӣ ҳангоми таваллуд зикр ёфтаанд. Дар инкишофи А. олимони Юнони Қадим, Рим, Искандария ва ғ. саҳми калон гузоштаанд. Дар пешрафти амалии он бошад, мақоми олими намоёни точик Абӯалии Сино (а. 10) бағоят бузург аст. Ақидаҳои ӯ оид ба А. дар китоби сеюми «Ал-Қонун»-и ӯ баён гардидаанд. Бо ин ҳама А. то а. 16 илми тачрибавӣ ба шумор мерафт. Равнақи А. чун илм бо комёбиҳои бузурги анатомия, физиология ва тиб алоқаманд аст. Ҷарроҳи франсавӣ Амбруаз Паре (1517 – 90) чарроҳии А.-ро, ки кайҳо фаромӯш шуда буд, ба амалияи А. баргардонд. А. Левре (с. 1751) ва У. Смелли (1754) гираҳои А.-ро такмил доданд. Дар а-ҳои 17 – 18 дар аксари мамлакатҳои Европа кафедра ва клиникаҳои А. таъсис ёфтанд, таълими мунтазами он чорӣ карда шуд. А. дар Точикистон дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ инкишоф ёфт. Кафедраи акушерӣ ва бемориҳои занонаи фак-ти муоличавии Донишкадаи давлатии тиббии Точикистон (аз с. 1941), ки бо ташаб- буси В. А. Лоситская таъсис ёфта буд, маркази илмии А. гардид. С. 1959 дар фак-ти педиатрия низ чунин кафедра таъсис ёфт. Акушерону гинекологҳои чумҳурӣ дар инкишофи эндокринологияи А., омӯзиши физиологияи хуни зани ҳомила, инчунин ҳалли проблемаҳои камхунии онҳо ва бемориҳои генетикии хун хизматҳои шоён карданд. Соли 1971 дар назди кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факти табобатии донишкадаи мазкур лабораторияи «Бемориҳои занон, амрози модарзод ва ғайримодарзоди кӯдакон» таъсис ёфт, ки баъдтар (с.1980) барои ташкил карда шудани Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдак (ҳозира Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва неонатология) заминаи мусоид фароҳам овард.
Тадқиқоти олимони точик баъди с-ҳои 80-уми а. 20 асосан ба ҳалли масоили роҳҳои кам кардани бемориҳо ва фавти модару кӯдак, синамаконӣ, ҳосил шудани шири сина дар занҳои ҳомила вобаста ба шароити иқлими субтропикҳои хушки Точикистон, мубодилаи витаминҳо дар мавриди ҳомилагии мӯътадил ва оризанок, таъсири омилҳои номусоиди табиӣ ва саноат ба қобилияти насловарии занҳо, камхунӣ ва ҳомилагӣ, таъсири пестисидҳо ва камғизоӣ ба системаи насловарии бонувон, оризаҳои фасодию уфунатӣ дар соҳаи А., оризаҳои перитонит баъди чоки қайсар ва ғ. равона шудаанд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки олимони чумҳурӣ сари он кор кардаанд, экология ва фаъолияти насл овардани занҳо мебошад. Зимни муоинаи коргарзанони саноати бофандагӣ маълум гашт, ки чанги пахта бо омехтаи дуоксиди силитсий ва пестисидҳо омили асосии бемориовар маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин муқаррар карда шуд, ки шароити кори занҳои пахтачин ба саломатӣ таъсири номусоид мерасонад, мас., гармии тоқатфарсо, афканишоти инфрасурх, гарду чанги зиёд ва ғ.
Як силсила пажӯҳишҳои олимони точик ба тадқиқи хусусиятҳои чараёни ҳамл ва анчоми он дар коргарзанони Корхонаи алюминийи Точикистон бахшида шудаанд. Маълум гашт, ки коргарзанони корхонаи мазкур аз нигоҳи акушерӣ ва гинекологӣ ба гурӯҳи хавфпазир тааллуқ доранд. Феълан бисёр масъалаҳои А. дар кафедраҳои марбутаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Точикистон ва Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинатология ҳаллу фасл меёбанд. Дар ривочу равнақи А. олимони варзидаи чумҳурӣ Голубчик С.Б., Гуртовой Б.П., Гуртовой Л.Е., Ҳакимова С.Ҳ., Трубни- кова Л.И., Пӯлодова М.Т., Абдураҳмонов М.К., Додхоева М.Ф., Нарзуллоева Е.Н. ва диг. саҳми арзанда гузоштаанд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …