АКТИНОМИКОЗ (Actinomycosis; аз актино… ва юн. микозҳо), бемории сироятист, ки занбӯруғҳои шуоъшакл (акти- номисетҳо) ба вуҷуд меоранд. Ба А. одам кам гирифтор мешавад. Асосан касалии ҳайвонот, бештар чорвои калон аст. А. бештар дар пӯсти ҷоғу гардан, узвҳои ковокии шикам ва шуш пайдо мешавад. Ҳангоми А.-и сатҳӣ дар пӯст ё пардаҳои луобӣ варамчаҳои сурх ё кабуди бедард, ки манбаи газак мебошанд, ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи кафидани мадда носурҳои сершумор пайдо хоҳанд шуд. Иллати узвҳои ковокии шикам ва шуш дар ихтилоли вазифаи онҳо зоҳир мегардад; дар мавриди кӯҳна шудани беморӣ иллат аз дарун ба рӯи пӯст гузашта (мас., аз шуш ба девораи сина) носурҳоро ба вучуд меорад. Усулҳои ҳозираи муоличаи А. аксар вақт ба шифо ёфтани бемор имкон медиҳанд. Муолича ҳарчи пештар сар шавад, натичаи он ҳамон қадар хубтар аст. Ангезандаҳои беморӣ дар табиат (хок, узвҳои ҳозимаи ҳайвонот, хӯшаи растаниҳо ва ғ.) васеъ паҳн шудаанд. Онҳо дар даҳон, роҳҳои бо- лоии нафас ва рӯдаи одам низ мавчуданд, вале ягон зарар намерасонанд. Фақат дар шароити муайян, яъне ҳангоми суст шудани қобилияти дифоии организм (шамол хӯрдан, аллергия, тағйири чузъии бофтаю узвҳо, ки бинобар бемориҳои пародонтит, аппендитсит, илтиҳоби шуш, сил ва ғ. рух намудаанд) имкон дорад, ки онҳо боиси беморӣ гарданд. Саривақт муолича кардани илтиҳоб, хусусан газаки музмини чавфи даҳон, табобати дандонҳои пӯсида ва ғ. барои пешгирии А. хеле муҳим аст. Ҳангоми фурӯ бурдан ё нафас кашидани чанги хӯшаҳои чавдор, гандум ва диг. растаниҳои бо занбӯруғ олуда А.-и рӯда ё шуш ба вучуд меояд. А. аз шахси бемор ба солим намегузарад.
П. Т. Зоиров
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …