Главная / Илм / АКРОСИАНОЗ

АКРОСИАНОЗ

akrocianozАКРОСИАНОЗ (Acrocyanosis; аз юн. akron – интиҳо, охир ва сианоз), ранги кабудча гирифтани пӯст. А. бинобар суст шудани ҳаракати хун ба вуҷуд меояд. Дар натиҷаи костагии хунгардиш тамоси хун бо бофтаҳо зиёд шуда, дар таркиби хуни венаю мӯрагҳои зери пӯст миқдори гемоглобини барқароргашта меафзояд. Бинобар ин пӯст ранги кабудча мегирад. Бар хилофи сианози диффузӣ ё марказӣ, дар мавриди А. миқдори гемоглобине, ки барқарор шудааст, дар хуни шараён (ар- терия) зиёд намешавад. Дараҷаи зуҳуроти А. нафақат аз миқдори гемоглобин, бал- ки аз дараҷаи васкуляризатсия ва хосияти пӯст низ вобастагӣ дорад. А. бештар дар лабҳо, пӯсти панҷа, кафи по, гӯшҳо, рухсора, зери манаҳ, нӯги бинӣ ба мушоҳида мерасад. Сабаби А. нуқси дил, ангиотро- фоневроз, полиситемия ва диг. бемориҳо аст. Ҳангоми тромбофлебит ва дуруштии венаҳо А.-и мавзеӣ рух медиҳад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …