Главная / Илм / АКРОМЕГАЛИЯ

АКРОМЕГАЛИЯ

akromegaliyaАКРОМЕГАЛИЯ (Acromegalia, аз юн. akron – дасту по ва megas – бузург), бемо- риеро гӯянд, ки сабаби он ихроҷи барзиёди гормони сабзиш мебошад. А. то ҳол пурра омӯхта нашудааст. Он дар бисёр маризон бо омоси гипофиз алоқаманд аст. Баъзан захми сар, зарбаи рӯҳӣ ва сироятҳои музмин боиси А. мегарданд. А. дар натиҷаи ҳомилагии ноқис ё баъди таваллуд низ инкишоф меёбад. Ҳангоми А. номутаносиб сабзидани устухонҳои скелет, бофтаҳои нарм, узвҳои дарунӣ ва баъзе ихтилолоти мубодилавӣ зуҳур меёбанд. Одатан, А. пас аз анҷом ёфтани расиши организм ба вуҷуд омада, тадриҷан инкишоф меё- бад ва солиёни дароз тӯл мекашад. А. дар кӯдакон метавонад боиси азимҷуссагӣ шавад (ниг. Гигантизм). Ба А. асосан занҳои 18 – 35-сола гирифтор мешаванд. Беморӣ тадриҷан бо беҳолии тамоми бадан, дарди даст ва ихтилоли ҳассосияти он, рушди номутаносиб ва тағйири шакли рӯй бинобар калон шудани бинӣ, ҷоғи поён, камони фавқи абрӯ ва рухсора оғоз меёбад. Лабҳо ғафс ва панҷаи дасту пой аз ҳад зиёд паҳн мешаванд, забон дар даҳон бо душворӣ ҷой мегирад, пӯсти пешона, бинӣ ва паси сар ғафс мегардад. Беморон аз дарди сар, хастагӣ, заъфи босира ва суст шудани кори ғадудҳои ҷинсӣ азият мекашанд. Шахси ги- рифтори А. бояд доимо таҳти назорати духту- ри чашм, невропатолог ва эндокринолог бошад. Усулҳои ҳозираи муолиҷа (шуоъшифоӣ, муолиҷа бо адвиёт ва ғ.) имкон медиҳанд, ки тарашшӯҳи барзиёди гормони сабзиш бартараф ва ҳолати бемор сабук карда шавад. Дар мавридҳои зарурӣ мумкин аст ба ҷарроҳӣ даст зананд. Ш. С. Анварова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …