Главная / Илм / АКСОН

АКСОН

neyritАКСОН (аз юн. axon – меҳвар), нейрит, шохаи ҳуҷайраи асаб, ки ба воситаи он импулсҳои асаб аз ҳуҷайра ба узвҳо ва диг. ҳуҷайраҳои асаб паҳн мешаванд. Аз ҳар ҳуҷайраи асаб (нейрон) фақат як А. мебарояд. Ғизогирӣ ва нумӯи А. аз ҷисми нейрон вобаста аст: ҳангоми буридани А. қисми канораи он нобуд гашта, қисми марказиаш фаъол боқӣ мемонад. Дар протоплазмаи А. (аксоплазма) торҳои тунук – нейрофибрилҳо, инчунин митохондрия ва тӯри эндоплазмавӣ мавҷуданд. Сохтори ҷилд ва диаметри А., ки торҳои асабро ташкил медиҳанд, суръати тавассути асаб гузаронидани ангезишро муайян месозанд. Интиҳои А. (терминалҳо) шоха ронда, ба асабҳои дигар (мас., асаби мушакҳо) алоқа менамояд. Чунин робита (синапсҳо) барои интиқоли ангезиш мусоидат мекунад. Маҷмӯи А.-ҳоро асаб меноманд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …