АКУПРЕССУРА, яке аз усулҳои табобати чинӣ. Аз чумлаи усулҳои қадимтарини муолича буда, ҳанӯз аз а. 3 то м. маъмул буд. Дар мамлакатҳои шарқӣ аввал дар Чин пайдо шуда, минбаъд тарзҳои гуногуни он дар кишварҳои дигар низ густариш ёфтанд. Чиниёни қадим муқаррар карданд, ки фишор додани нуқтаҳои муайяни бадан дардро сабук ва ҳоли беморро беҳтар месозад. Ин усул дар заминаи принсипҳои меридианҳо ва нуқтаҳои акупунктура бунёд шудааст, вале барои барқарор кардани мачрои «тси»-и узвҳои осебдида на сӯзан, балки фишори ангушт ба кор бурда мешавад. Дар Чин А.-ро одамони одӣ низ меомӯзанд, то ин ки дар мавриди зарурат ба худ ва наздикон ёрӣ расонанд. А. усули беҳтари табобат буда, махсусан ҳангоми сардард, дарди пушт, зиқи нафас, аллергия ва таҳаммулнопазирӣ муфид аст. Вай, одатан, дар якчоягӣ бо усулҳои дигар (бештар бо йога ё гиёҳшифоӣ) мавриди истифода қарор дода мешавад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …