Главная / Илм / АКСЕЛЕРАТСИЯ

АКСЕЛЕРАТСИЯ

akseleratsiyaАКСЕЛЕРАТСИЯ (аз acceleratio – тезондан), қадкашии босуръат ва рушди ҷисмонии бачагон ва наврасон. Бачагон ва наврасони имрӯза назар ба ҳамсолони солҳои пешини худ то андозае қадбаланд ва калонҷусса (вазнинтар) мебошанд. Бачагон ҳар қадар калонтар бошанд, ин тафриқа равшантар ба назар мерасад. Мас., охири солҳои 70-уми а. 20 писарба чагони 6-сола назар ба ҳамсолони солҳои 20-уми худ аз чиҳати қад ба ҳисоби миё- на 8 – 8,5 см дароз ва 3,5 кг вазнинтар, бачагони 15-сола мутобиқан 20 см дароз ва 16 кг вазнинтар буданд. Дар кӯдакони имрӯза дандонҳои ширӣ бармаҳал баромада, ба дандонҳои доимӣ табдил меё- банд; устухонбандӣ низ пештар ба вуқӯъ мепайвандад. Дар натича қадкашӣ нисбат ба даҳсолаҳои гузашта 2 – 3 сол пештар қатъ мегардад, ҳарчанд, ки андозаи тани инсони имрӯза ба ҳисоби миёна назар ба солҳои пешин калонтар аст ва сабаби ин қадкашии босуръат дар синни томактабӣ ва синни мактабӣ мебошад. Бачагон ва наврасони имрӯза на фақат аз ҳамсолони даҳсолаҳои пешини худ баланду калонтаранд, балки таносуби андоми эшон аз камолоти шакли онҳо гувоҳӣ медиҳад; аз чиҳати рушди чисмонӣ онҳо ба дарачаи калонсолӣ зудтар мерасанд. А. на танҳо дар афзоиши босуръати андозаи тан, балки дар балоғати нисбатан бармаҳали чинсӣ низ зоҳир мегардад. Мас., синни миёнае, ки дар он ҳайзбинии духтарон зоҳир мегардад, сол ба сол кам шудааст. А.-и қадкашӣ ва инкишоф ҳамачоя ба назар мерасад, вале суръати он гуногун аст. А. дар шаҳрҳои калон нисбатан бештар, дар шаҳрҳои хурд ва деҳот бошад, камтар аст. Дар баробари рушди бошитоби чисмонӣ инкишофи босуръати баъзе функсияҳои организм низ мушоҳида мешавад. Суръати кашиш хӯрдани дил, бузургии фишори шараён ва нерӯи мушакҳо ба дарачаи калонсолон зудтар мерасад, нутқ инкишоф меёбад. Бояд гуфт, ки далелҳои зикршуда бармаҳал бузург шудани наврасонро ифода намекунанд. Аксуламали наврасони с-ҳои 2000, ки нисбатан қадбаланд ва дарачаи инкишофи чинсиашон болотар аст, ба таъсири муҳит аз аксуламали ҳамсолони с-ҳои 90 фарқ надорад. Ва тасдиқи ақидае, ки гӯё дар як вақт баробари рушди чисмонӣ инкишофи рӯҳии бачагон ҳам меафзояд, ғалат мебошад. Ин чо сабаб фақат дар огоҳии бештар доштани бачагон ва наврасони айёми мост. Тафовути дарачаи инкишофи чисмонӣ, аз чумла чинсӣ, яъне калонсолии зоҳирӣ ва дарачаи камолоти рӯҳӣ, хусусан ичтимоӣ, бисёр вақт боиси мочарои наврасон ва калон- солон – падару модар ва устодон мегар- дад. Дуруст ба роҳ мондани тарбияи чис- монӣ ва шаҳвони (сексуалӣ)-и чавонон аз муҳимтарин масъалаҳост, зеро ба камоло- ти нисбатан барвақти чинсӣ нигоҳ накар- да, аз мучомаати бармаҳал пешгирӣ кар- дани онҳо зарур аст (ниг. Тарбияи ҷинсӣ). Оид ба сабабҳои А. як қатор фарзияҳо пешниҳод шудаанд, мас., таъсири нисба- тан бошиддати нури офтоб, беҳтар шудани тағзия, таъсири тағйироти электромагнитӣ ва афканишоти иондор. Бархе аз олимон сабабҳои А.-ро дар урбанизатсия (баланд шудани мақоми шаҳрҳо дар пешрафти чамъият) ва фаровон будани ангезаҳои гуногун, аз чумла радио, кино, телевизи- он, гурӯҳи дигар дар кам шудани бемо- рии кӯдакон (махсусан дар хурдсолӣ) ме- донанд. Вале як фарзия дурусту дигараш нодуруст гуфтан хатост. Зеро агар дар як шароит яке аз омилҳои мазкур аҳамияти асосӣ дошта бошад, дар шароити дигар омилҳои дигар муҳимтаранд. Махсусан сабабҳои ичтимоии А.-ро қайд кардан за- рур аст. Баланд шудани суръати А. дар гурӯҳҳои ичтимоӣ, ки пештар дар онҳо бинобар шароити бади зиндагӣ дарачаи рушди чисмонӣ нисбатан паст буд, чиҳати хоси А. мебошад. Мас., дар солҳои 60-уми а. 20 қади наврасони коргар ва хонанда- гони 17-сола ба ҳисоби миёна қариб ба- робар буд, ҳол он ки дар с-ҳои 80 а. 19 фарқи қади онҳо чанд сантиметрро таш- кил медод (мувофиқан 158,3 ва 162,7 см). Дар муддати ин давр нишондиҳандаҳои мазкур дар коргарони наврас 15,2 см, вале дар хонандагон танҳо 11 см зиёд шудааст. Исботи сабабҳои ичтимоии А. он низ ме- бошад, ки дар вақти Ҷанги дуюми чаҳонӣ рушду инкишофи бачагону наврасон муд- дате боздошта шуд (қад ва вазни онҳо кам ва инкишофи чинсият суст гардид). Баъди анчоми чанг раванди А. барқарор шуда, инкишофи чисмонии чавонон аз дарачаи то давраи чанг пеш гузашт.
А. таъсири бад дорад (нисбатан пештар рух намудану паҳн шудани баъзе бемориҳо, номутаносибӣ дар инкишофи функсияҳои ҷудогонаи организми нав- расон ва ғ.). Вале ин далелҳо бисёр вақт тасдиқ намешаванд, ё тасдиқ шаванд ҳам, ба А. вобаста нестанд. Даъвоҳо дар бораи таъсири мусбати А. ба тандурустии насли наврас низ чандон эътимод надоранд.

Ф. А. Шукуров, Ш. С. Анварова

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …