Главная / Илм / АКСУЛАМАЛИ ВАССЕРМАН

АКСУЛАМАЛИ ВАССЕРМАН

rwАКСУЛАМАЛИ ВАССЕРМАН, яке аз усулҳои ташхиси бемории сифилис. Ба номи иммунологи немис Август Вассерман гузошта шудааст. А. В. дар мавриди сифилиси аввалин (дар ҳафтаҳои 6 – 8-уми беморӣ) дар 90 ва дар аснои сифилиси дуюмин дар 98 – 100 фисади ҳолатҳо мусбат падид меояд. А. В. якҷоя бо диг. аксуламалҳои серологӣ (РПГА, ИФА, РИФ) на фақат барои ошкор сохтани ангезандаи беморӣ, балки баҳри муқаррар намудани мӯҳлати тақрибии сироят ёфтан низимкон медиҳад. Дар мавриди А. В. Маводи ташхисӣ хунест, ки аз варид гирифта мешавад. А. В. ҳамчунин имкон дорад, ки дар одамони гирифтори бемориҳои сил, сили пӯст, бемории хун, ҳомилагӣ низ ба таври мусбат падид ояд. Дар ин гуна ҳолатҳо аз диг. усулҳои ташхис (РПГА, ИФА, РИФ) истифода мебаранд. Феълан дар амал ба ҷойи А. В. бештар аксулама- ли микропресипитатсия кор фармуда мешавад..

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …