Главная / Илм / ГАРМЧАШМА

ГАРМЧАШМА

garmchashma«ГАРМЧАШМА», маҷмаи табобату сайёҳӣ. Дар ноҳ. Ишкошими ВМКБ воқеъ гаштааст. Аз «Г.» то маркази ноҳия – 60 км, то ш. Хоруғ – 45 км. Омили асосии табобатии «Г.» оби шифобахши Гармчашма, ҳавои тозаву салқини кӯҳистон ва радиатсияи фаровони офтоб мебошанд. Иқлими маҳл континентӣ ва хушк аст. Тобистон гарм ва зимистон мӯътадил меояд. Ҳарор. миёнаи ҳавои июл 31,60С, янв. – 19,50С. Боришоти солона 100 мм. Давраи офтобӣ дар як сол 2500 – 3000 соатро ташкил медиҳад. Дар ноҳия фасли баҳор аз 3 март оғоз ёфта, то 3 июн, тобистон аз 4 июн то 18 сент., тирамоҳ аз 19 сент. то 19 дек., зимистон аз 20 дек. то 2 март давом мекунад. Намнокии ҳаво дар як сол ба ҳисоби миёна 43% аст.
С. 1957 дар назди чашма шифохонаи махсус бунёд карда шуд, ки 50 кат дошт. Ба он аз тамоми гӯшаю канорҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беморон барои табобат меомаданд. С. 2010 бо супориши Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷои шифохона маҷмаи «Г.» сохта шуд. Он дар рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Маҷмаъ аз 5 бинои нави иловагӣ, варзишгоҳ, иншооти табобатию фароғатӣ, меҳмонхонаи замонавии «Сомон ТМ», майдончаҳои баскетбол, волейбол, теннис, ҷои офтобдиҳии бадан ва ғ. иборат аст. Дар «Г.» асосан бемориҳои пӯст табобат карда мешаванд: псориаз, экзема, нейродермит, склеродермия, хориши пӯст, ихтиоз, шукуфаи сурх, парапсориаз ва ғ.
Ад.: И.Я. Бобоходжаев, Ш.М. Давлатмамадов, Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994; Зоиров П.Т., Рахматов Б.Р., Целебные минеральные источники Таджикистана и болезни кожи, Д., 2003

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …