Главная / Илм / ГАСТРИТ

ГАСТРИТ

gastritГАСТРИТ (Gostritis; аз юн. gaster – меъда), газаки меъда, илтиҳоби луобпардаи меъда. Сабабҳои Г. гуногунанд. Он, одатан, дар натиҷаи ба луобпардаи меъда таъсир кардани хӯроки барзиёду бадҳазм, тезу тунд, ҷӯш ё бағоят хунук, ғизои бадсифат, нӯшокиҳои спиртдор пайдо мешавад. Г. гоҳо зери таъсири бемориҳои шадид ва музмини сироятӣ (домана, исҳоли хунин ва ғ.), амрози гурда, ихтилоли мубодилаи моддаҳо низ ба вуҷуд меояд. Мунтазам вайрон кардани реҷаи истеъмоли хӯрок ва изтироби асабию рӯҳӣ ба инкишофи Г. мусоидат мекунанд. Г. аксар вақт бемории мустақил набуда, нишонаи ягон иллати дигар аст. Дар бисёр мавридҳо ба Г. дуоденит (газаки луобпардаи рӯдаи дувоздаҳангушта) ҳамроҳ мегардад. Г. шадид ва музмин мешавад.
Ҳисси нофорам дар сари меъда, дард, эҳсоси дамидагии шикам, дилбеҳузурӣ, оруғ ва бемазагии даҳон зуҳуроти асосии Г.-и шадид буда, баъди 2 – 3 соати истеъмоли таом ба мушоҳида мерасанд. Илова бар он, оби даҳон рафта, хоҳиши қай ба вуҷуд меояд; қай муваққатан сабукӣ орад ҳам, ҳисси нофорамро пурра бартараф намекунад. Қаи бемор аввал турш, баъд талхчаи олуда бо луоб аст; минбаъд бемор ба хӯрок нафрат пайдо мекунад. Ҳангоми Г. бемадорӣ, дарди сар, ҳарорати начандон баланд низ ба амал меояд. Баъди чанд соат шикам дамиш оварда, дарун меравад. Аз табобати дуруст ва риояи реҷаи истеъмоли хӯрок бемор шифо меёбад. Аломатҳои Г. хусусан дар сурати истеъмоли хӯроки аз микробҳои бемориовар сироятёфта, мас., моҳӣ, маҳсулоти ширӣ, гӯшт, салат, таоми яхнӣ, крем (ниг. Заҳролудӣ аз бактерияҳои ғизо) равшан зоҳир мешаванд. Чунин нишонаҳо дар мавриди диг. маризиҳо, аз ҷумла аппендитсити шадид, газаки талхадон, илтиҳоби ғадуди зери меъда (илоҷи онҳо ҷарроҳист) низ ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, ҳангоми Г.-и шадид бояд фавран ба духтур муроҷиат кард.
То муоинаи духтур истифодаи гармкунак, имола (клизма), истеъмоли дору ҷоиз нест. Беморро бистарӣ намуда, дар наздаш тағора мегузоранд, ба ӯ чой ё оби гарм (хусусан вақти қай) медиҳанд. Табобати Г.-и шадид фақат дар сурати парҳези қатъӣ (ба маслиҳати духтур) натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Ба маризи каме сабукшуда чойи гарм, таоми бегӯшту равған, гӯштобаи сабук, фиринӣ, ҷурғот, дертар атолаи картошкагӣ, тухмӣ нимхом, гӯшти қима, котлети дампухт, нони қоқ нафъ дорад. Дар муддати якуним-ду ҳафта тадриҷан сабзавот, мева, чака, гӯшти обпаз, моҳӣ, тухмбирён ва ғ. додан мувофиқи мақсад аст (ба шарте, ки саломатии бемор беҳтар шуда, хӯрокро ҳазм карда тавонад).
Г.-и музмин дар натиҷаи мунтазам вайрон кардани реҷаи истеъмоли хӯрок, мас., дар соатҳои гуногун ва бемаврид хӯрдани миқдори зиёди ғизо, истеъмоли нони хушк (нону равған ё панир ва ғ.), таоми тунду тез ё ҷӯш, бошитоб ва дуруст нахоида фурӯ додани луқма, дар вақти истеъмоли хӯрок гап задан (боиси ба қадри кофӣ ҷудо нашудани шираи ҳозима мегардад) инкишоф меёбад. Истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, ки пардаи луобии меъдаро ангехта, тадриҷан онро тағйир медиҳад, яке аз сабабҳои асосии инкишофи Г.-и музмин аст. Кашидани тамоку низ аз ҳамин қабил сабабҳост. Одамоне, ки бидуни тавсия ва назорати духтур баъзе доруҳо, мас., кислотаи атсетилсалитсилат (аспирин) ва бутадионро мунтазам истеъмол менамоянд, ба Г.-и музмин гирифтор мешаванд. Набудани дандон ва иллатҳои музмини даҳон (дандонҳои пӯсида, газаки бодомакҳои гулӯ) ба инкишофи Г.-и музмин мусоидат мекунанд. Амрози талхадон, ҷигар ва ғадуди зери меъда ба муттасил ҷараён гирифтани Г.-и музмин оварда мерасонад.
Дарди мӯътадили сари меъда, ҳисси пур будани шикам, оруғ, зардаҷӯшӣ, беҳузур шудани дил, қабзият ё исҳол аломатҳои ин беморӣ мебошанд. Агар беморӣ авҷ гирад, аломатҳо аёнтар мешаванд. Г.-и музмине, ки бештар дар ҷавонон ба мушоҳида мерасад (ба он тарашшӯҳи барзиёди шираи меъда, мавсимияти хурӯҷи беморӣ, яъне баҳор ва тирамоҳ, дард дар дили наҳор ва ғ.), ба решдарди меъда шабоҳат дорад (ниг. Решмараз).
Г. дар кӯдакон низ ба мушоҳида мерасад. Бисёр вақт он бо бемориҳои илтиҳобии рӯдаи дувоздаҳангушта ва сурхрӯда ҳамроҳ мегардад.
Сабабҳои Г.-и шадид дар кӯдакон мисли калонсолон аст. Дар пайдоиши беморӣ мақоми ихтилоли таъмини хун ва фаъолияти меъда, хусусан дар кӯдакони норасида ва гирифтори бемориҳои силсилаи асабҳои марказӣ, ниҳоят калон мебошад. Г.-и шадид ногаҳон оғоз меёбад. Кӯдакони синамак беқарор мешаванд, қай мекунанд; дар кӯдакони калон камиштиҳоӣ, рафтани оби даҳон, таъми ногувори даҳон ва эҳсоси пур будани меъда рух медиҳанд. Дар ҳолатҳои вазнин қай метавонад беист ва омехта бо боқимондаи ғизо, луоб, талха, баъзан хун ба вуҷуд ояд. Ранги пӯст парида, кӯдак арақ мекунад, забон хушк ва сафед аст, шикам дамиш меорад. Ҳангоми сабук будани ҷараёни беморӣ баъди қай ҳолати бемор беҳтар мешавад. Дар вақти вазнин будани он аломатҳои гуногуни токсикоз рух медиҳанд; беморӣ ҳафтаҳо тӯл мекашад
Г.-и музмини кӯдакон тамоюли ирсӣ дорад. Ба пайдоиши он тағзияи номунтазам, хушк, камсафеда ва бевитамин мусоидат мекунанд. Аломати асосии он дарди сари сандуқи сина (баъди 30 – 60 дақ. истеъмоли хӯрок сар мезанад), зардаҷӯш ва оруғ задан аст. Беморони гирифтори Г.-и музмин ба табобат ва муоинаи муттасили духтур муҳтоҷ мебошанд. Риояи қатъии парҳезе, ки духтур фармудааст, шарти муҳими табобат маҳсуб меёбад. Бемор бо маслиҳати духтур аз тадбирҳои физиотерапевтӣ, дору ва обҳои минералӣ истифода карда, дар курорт ва санаторияҳои махсус табобат мегирад.
Барои пешгирии Г.-и шадид ва музмин назорати санитарии хӯрокворӣ зарур аст. Риояи тадбирҳои беҳдошти хӯрок низ муҳим мебошад, яъне роҳ надодан ба истеъмоли озуқавории кӯҳна, тунду тез, очор ва ҷӯш, пурхӯрӣ, суистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ва ғ. Дар як рӯз 4 маротиба тановул кардани ғизои хушсифату сервитамин, худдорӣ кардан аз хӯроке, ки меъдаро ба ангезиш меорад мувофиқи мақсад аст. Дандонҳои иллатнок ва бемориҳоеро, ки боиси пайдоиши Г. мешаванд, бояд саривақт табобат кард. Барои муолиҷаи Г. хоса шароити курортҳои Шамбарӣ, Ҳавотоғ, Хоҷаобигарм, ҳамчунин Боржоми ва Ессентуки созгор аст. Ниг. низ Узвҳои ҳозима.

Ғ.Қ. Мироҷов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …