Главная / Илм / ГАСТРОСКОПИЯ

ГАСТРОСКОПИЯ

gastroskopiyaГАСТРОСКОПИЯ (аз гастро… ва skopeo – мушоҳида кардан, дидан), муоинаи девораи даруни меъда бо ёрии асбоби махсус – гастроскоп. Гастроскопро ба тавассути даҳон ва сурхрӯда ба меъда мегузаронанд. Г. аз ҷониби духтури мутахассис бо мақсади ташхиси бемориҳои меъда (реш, эрозия, илтиҳоб, омос) ва ошкор намудани манбаи хуншорӣ амалӣ мегардад. Қабл аз Г. сурхрӯда ва меъдаро рентген кардан лозим аст. Ҳангоми Г. қисми ба омос гумонбар шудаи меъдаро биопсия мекунанд. Дар мавриди Г. аз меъда бадар овардани полип, ҷисмҳои бегона, манъ кардани хунравӣ низ мумкин аст. Г.-ро бо дили наҳор мегузаронанд. Гастроскоп найчаи эластикӣ, линза ва лампочка дорад.
Баъди истифода, асбобҳоро бо маҳлули собун ё риванол ва фурасилин гандзудоӣ (дезинфексия) мекунанд, бо спирти 70%-а мешӯянд. Гастроскопро барои корношоям нашуданаш овехта мемонанд. Ниг. низ Эндоскопия.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …