Главная / Илм / КАВАР

КАВАР

kavarКАВАР (Capparis spinosa), кабар, қамар, бодиринги ҷайра, гиёҳест бисёрсола. Решааш ғафси дароз (10 – 12 м), пояаш хазанда; барги гирд, гули калони сафед (баъзан зардтоб ё гулобӣ), меваи байзашакл ё лӯнда дорад (ҳангоми пухтан чоркафон мешавад ва дарунаш мисли тарбуз аст). Май – июн гул карда, сент. – окт. мева мебандад.
К. дар нишебиҳои талу теппа, заминҳои зардхок, канори киштзор месабзад. Дар мавзеъҳои Қуррама, Мевағул, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ вомехӯрад.
К. гиёҳи шифобахши қадимист. Абӯалии Сино решаи К.-ро барои муолиҷаи илтиҳоби асаби сурин, фалаҷ, бавосир, гунгӣ, сардард, дарди дандон, иллати испурҷ, ҷароҳатҳои фасоднок, кафидани мушакҳо истифода мебурд, онро давои тақвиятбахш, киҷҷарон ва позаҳр меҳисобид. Ба ақидаи ӯ меваи тару тозаи К. нисбатан серғизо аст. К.-и очоронида зиқи нафасро рафъ менамояд. Сино бо решаи К. ниқрис, буғумдард, радикултро табобат менамуд; барги онро барои давои ширинча ва ҷароҳатҳо тавсия медод.
Табибони халқӣ решаи К.-ро барои муолиҷаи тарбод, брутселлез, диабет, зардпарвин ва иллати испурҷу ҷигар истифода мебаранд. Меваи онро ҳангоми буғумдард, радикулит ва чун давои талхарон, исҳоловар ва киҷҷарон истеъмол мекунанд. К. фаъолияти ҷигар, дил, шуш ва испурҷро тақвият мебахшад, ҳангоми ҷоғар, диабети қанд, гулӯзиндонак ва камиштиҳоӣ муфид аст. Шираи гули К.-ро ба ҷароҳат мемоланд. Хокаи муғҷаи К. иштиҳоро мекушояд, дар мавриди нуқсони испурҷу ҷигар муфид аст. Ба ақидаи табибони мардумӣ агар К.-ро бихӯранд ё дар об ҷӯшонда бинӯшанд, рагҳои хунро мекушояд, узвҳоро аз моддаҳои зарарнок пок мекунад, балғамро меронад. Ҳар қисми К.-ро кӯфта гузошта банданд, мушакҳои аз кор мондаро шифо мебахшад. Агар пӯст ё барги тару тозаи онро бихоянд, майнаро аз моддаҳои бегона тоза мекунад, самари К.-ро дар намак парварда бихӯранд, ба дамкӯтаҳӣ манфиат меорад. Самари намакхӯрдаи К.-ро пеш аз таом истеъмол намоянд, дарунро мулоим мекунад. Ба меваи К. мурч пошида бихӯранд, гиреҳҳои ҷигарро мекушояд. Гули онро хушк карда ва чун орд соида ба носурҳои чашм бипошанд, онҳоро хушк месозад. Бо шираи гули К. аз организм киҷҷаҳоро меронанд, ҷӯшоби меваашро ҳангоми бавосир, дарди вораҳо ва сардард менӯшанд. Обзани ҷӯшоби решаи К. барои табобати фалаҷ ва тарбод муфид аст.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …