Главная / Ҷамъият / ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ (аз соли 2017)

ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ (аз соли 2017)

ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ (Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “29” июни  соли 2017, № 323 тасдиқ шудааст: Матни пурра дар саҳифаи  >>>>

  1. 1. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ
  1. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (минбаъд – Қоидаҳо) ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” асос ёфта, тартиби ягонаи ҳаракатро дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
  2. Дар Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тарафи рости роҳ муқаррар карда шудааст.
  3. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қоидаҳои мазкур истифода мешаванд:

alomathoi-harakati-roh-02– автомобил – воситаи нақлиёти механикии берелс, ки барои интиқоли одамон ё бор дар роҳҳо истифода мешавад ё барои дар роҳҳо кашола карда бурдани воситаҳои нақлиёте, ки барои интиқоли одамон ё бор истифода мешаванд. Ба автомобилҳо квадритсиклҳо (мотоаробаҳо) –  воситаҳои нақлиёти механикии чорчархаи дорои маҷмўи идоракунии намуди автомобилӣ ва вазни муҷаҳҳази на зиёда аз 550 кг дошта баробар карда мешавад. Ба автомобилҳо тракторҳо ва мошинҳои худгард мансуб нестанд;

– автопоезд (ҳайати нақлиётӣ) – воситаи нақлиёти механикие, ки бо истифода аз таҷҳизоти васлкунӣ бо як ё якчанд ядак пайваст шудааст;

– автобус – автомобил бо шумораи зиёда аз ҳашт ҷойи нишаст, ба истиснои ҷойи нишасти ронанда, ки аз рўйи сохтор ва таҷҳизоташ барои интиқоли бехатару бароҳати мусофирон ва бағоҷи онҳо пешбинӣ шудааст;

– автомобили сабукрав – автомобилҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизашон аз 3500 кг зиёд нест ва шумораи ҷойҳои нишасти онҳо, ба истиснои ҷойи нишасти ронанда, аз ҳашт зиёд нест;

– автомобили боркаш – автомобилҳое, ки барои интиқоли бор таъин шудаанд ва вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 3500 кг зиёд аст;

– афзалият – ҳуқуқи дар навбати аввал нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ бо самти пешбинишуда ҳаракат кардан;

– аспароба – воситаи нақлиёте, ки бо қувваи мушаки ҳайвон (ҳайвонҳо) ба ҳаракат оварда мешавад;

– бехатарии ҳаракат дар роҳ – ҳолати раванди мазкур буда, инъикоскунандаи дараҷаи муҳофизати иштирокчиёни он аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва оқибатҳои онҳо аст;

– бозистии воситаи нақлиёт – қатъи мақсадноки ҳаракати воситаи нақлиёт то 5 дақиқа ё зиёдтар аз он, ҳангоми зарур будани ин амал барои ба воситаи нақлиёт савор кардан (фуровардани) мусофирон, боргирӣ (борфурорӣ);

– бозистии маҷбурии воситаи нақлиёт – қатъи ҳаракати воситаи нақлиёт вобаста ба вайрониҳои техникӣ ё хатаре, ки аз бори интиқолшаванда, ҳолати иштирокчии ҳаракат дар роҳ ва ё монеаи дар роҳ пайдошуда ба вуҷуд меояд;

– бори хатарнок – модда ва ашёе, ки ҳангоми интиқоли онҳо метавонанд сабаби таркиш, сўхтор гашта, ба ҳаёт ва саломатии одамон,  муҳити зист зарар расонанд, арзишҳои моддиро хароб ё нест кунанд;

– бурдани чашм – ҳолати физиологии ронанда дар натиҷаи таъсири нури равшанӣ ба чашмонаш, вақте ки ў имконияти объективона муайян намудани монеаҳо ё шинохтани сарҳади ҷузъҳои роҳро дар масофаи кўтоҳтарин надорад;

– воситаи нақлиёт – механизме, ки барои бо роҳҳо интиқол намудани одамон, бор ё таҷҳизоти дар болои он васлшуда таъин шудааст;

– воситаи нақлиёти механикӣ* – воситаи нақлиёте, ки тавассути муҳаррик ба ҳаракат дароварда мешавад. Ин истилоҳ ба тракторҳо, мошинҳо ва механизмҳои худгард, ҳамчунин троллейбусҳо ва воситаҳои нақлиёти муҳаррики барқӣ дошта, ки дорои суръати ҳаракати ниҳоии конструктивии беш аз 50 км/соат мебошанд, паҳн мегардад.

Эзоҳ: *Ҷудокунии воситаҳои нақлиёти механикӣ ба категорияҳо – автомобили сабукрав, автомобили боркаш, мототсикл, автобус, троллейбус, трамвай – мутобиқ аст ба категорияҳои муқаррарнамудаи шаҳодатномаи миллии ронандагӣ;

– воситаи нақлиёти маршрутӣ – воситаи нақлиёти истифодаи умум (автобус, троллейбус, трамвай ва ғайра), ки бо хатсайри муқарраргардидаи ҷойҳои бозистиаш ишоратшуда ҳаракат мекунад;

– воситаи нақлиёти таъиноти оперативӣ (фаврӣ, махсус) – воситаи нақлиёте, ки рангубори махсус ва (ё) сигналҳои нурию овозӣ дорад;

– воситаи нақлиёти сустҳаракат – воситаи нақлиёти механикие, ки бо аломати фарқкунандаи “Воситаи нақлиёти сустҳаракат” ишорат шудааст ва аз рўи сохти конструктивиаш ё вобаста ба шароити таъмини бехатарӣ ҳангоми интиқоли бор наметавонад бо суръати зиёда аз 30 км/соат ҳаракат намояд;

– воситаи нақлиёти релсӣ – трамвай ва платформаҳо, ки бо таҷҳизоти махсус бо роҳи трамвай ҳаракат мекунанд;

– воситаи нақлиёти гаронвазн ва (ё) бузургҳаҷм – воситаи нақлиёти дорои чунин вазн ва (ё) андоза, ки барои ҳаракаташон дар роҳ иҷозати махсуси мақомоти ваколатдор зарур аст;

– вазни (массаи) ниҳоии ҷоиз – вазни (массаи)  муҷаҳҳази воситаи нақлиёт бо бор, ронанда ва мусофирон, ки аз тарафи корхонаи (заводи) истеҳсолкунанда ҳамчун вазни (массаи) ниҳоии ҷоиз муқаррар карда шудааст. Вазни (массаи) ниҳоии ҷоизи автопоезд – ин ҷамъи вазни (массаи) ниҳоии ҷоизи ҳар як воситаи нақлиёти дар ҳайати автопоезд  буда мебошад;

– велосипед, веломобил (минбаъд-велосипед) – воситаи нақлиёте (ғайр аз аробачаҳои маъюбӣ), ки  бо воситаи қувваи мушаки одами (одамони) дар болои (дохили) он буда ба ҳаракат дароварда мешавад;

– гузаргоҳи роҳи оҳан – ҷойи буриши роҳ бо роҳҳои оҳан дар як сатҳ;

– гузаргоҳи пиёдагард – қитъаи қисми мошингарди роҳ, ки барои гузаштани пиёдагардон аз қисми мошингарди роҳ пешбинӣ ва бо аломатҳои роҳи “Гузаргоҳи пиёдагард”  ва (ё) нишонаи уфуқии роҳ ифода шудааст;

– дидашавандагии нокифоя – дидашавандагии роҳ камтар аз 300 метр бо самти ҳаракат вобаста ба шароити номусоиди боду ҳаво (борон, барф ва дигар боришоти атмосферӣ) ва омилҳои дигари паст шудани шаффофияти муҳит (чанг, дуд, туман, ғубор);

– дидашавандагии маҳдуд – дидашавандагии роҳ аз тарафи ронанда бо самти ҳаракат, ки бо релефи маҳал, андозаҳои геометрии роҳ, растаниҳо, бино ва дигар иншоот, инчунин воситаҳои нақлиёт, маҳдуд шудааст;

– дидашавандагии роҳ – масофаи ниҳоӣ бо самти ҳаракат, ки дар он  аз ҷойи нишасти ронанда ҷузъиёти роҳ ва воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ, ки пеш аз воситаи нақлиёт мавҷуданд, шинохта шуда,  ҳангоми идораи он дуруст дарк карда мешаванд;

– иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ – шахсоне, ки аз роҳҳои автомобилгард ва ҷойҳои дигаре, ки барои аз як ҷой ба ҷойи дигар расонидани одамон ва интиқоли борҳо тавассути воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд, истифода бурда, дар раванди ҳаракат ҳамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипедрон, чорворон, аробакаш ва ғайра бевосита иштирок менамоянд;

– интиқоли гурўҳи муташаккили кўдакон – интиқоли яквақтаи  ҳашт ва зиёда аз он кўдакони синну соли томактабӣ ва мактабӣ бо роҳбалад, дар воситаи нақлиёти механикие, ки ба воситаҳои нақлиёти маршрутӣ мансуб нест;

– истгоҳ – ҷойи истодани воситаҳои нақлиёт дар хатсайри ҳамлу нақли мунтазам, ки барои саворшавию фуровардани мусофирон ва интизории воситаҳои нақлиёт таҷҳизонида шудааст;

– идора намудани воситаи нақлиёт – ҷойивазкунии  воситаи нақлиёт нисбат ба мавқеи аввалааш тавассути таъсир расонидан ба ҷузъҳои идоракунии он;

– канори роҳ – ҷузъи роҳи бо таври конструктивӣ ё бо хатти нишонаи роҳи яклухти уфуқӣ ҷудокардашуда, ки ба канори берунии қисми мошингарди роҳ пайваст буда, бо он дар як сатҳ ҷойгир аст ва барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пешбинӣ нашудааст, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қоидаҳо. Канори роҳро барои бозистӣ ва таваққуфи воситаҳои нақлиёт, ҳаракати пиёдагардон, мопедҳо, велосипедҳо (ҳангоми мавҷуд набудани пиёдароҳа, пайроҳаҳои пиёдагардон, велосипедронон ё ҳангоми мавҷуд набудани имконияти бо онҳо ҳаракат кардан), аспароба (чана) истифода бурдан мумкин аст;

– корҳо дар роҳ – корҳо  вобаста ба сохтмон, таҷдид, таъмир ё нигоҳдории роҳи автомобилгард (кўча), иншооти сунъӣ ва воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ;

 изеологии

– кабудизор – қитъаи замине, ки ба таври сунъӣ бо алафҳои табиӣ, кишти гулҳо, кўчатҳо ва дигар растаниҳо обод карда шудааст;

– қатораи муташаккили нақлиёт – гурўҳи иборат аз се ва зиёда аз он воситаҳои нақлиёти механикие, ки бевосита аз паси якдигар дар як хатти ҳаракат бо чароғҳои наздикнамои доимо фурўзон таҳти мушоияти воситаи нақлиёти таъиноти махсус бо  чароғаки махсуси шуълавари ранги кабуд ё кабуд ва сурхи фурўзон ҳаракат мекунанд;

– мопед – воситаи нақлиёти механикие, ки тавассути муҳаррики ҳаҷми кориаш то 50 см мукааб ба ҳаракат дароварда мешавад ва дорои суръати ҳаракати ниҳоии конструктивие, ки тавсифномаи техникии он на зиёда аз 40 км/соат аст, муайян карда шудааст. Ба мопедҳо велосипедҳо бо муҳаррики овеза, мокикҳо ва дигар воситаҳои нақлиёти механикӣ бо тавсифи техникии шабеҳ баробар карда мешаванд;

– мототсикл – воситаи нақлиёти механикии дучарха бо ядаки паҳлуӣ ё бе он, ки ба воситаи муҳаррики ҳаҷми кориаш 50 см мукааб ва беш аз он ба ҳаракат дароварда мешавад. Ба мототсиклҳо воситаҳои нақлиёти механикии сечарха бо вазни муҷаҳҳазашон на зиёда аз 400 кг, ҳамчунин воситаҳои нақлиёти механикие, ки бо муҳаррики ҳаҷми кориаш то 50 см мукааб ҷиҳозонида шуда, дорои суръати ҳаракати ниҳоии конструктивие, ки тавсифномаи техникии он зиёда аз 50 км/соат аст, муайян карда шудааст, мансубанд;

– мусофир – шахс ба ғайр аз ронанда, ки дар дохили воситаи нақлиёт (дар болои он) мебошад, инчунин шахсе, ки ба воситаи нақлиёт ворид (савор) мешавад ё аз воситаи нақлиёт мефарояд ва дар дохили он қарор дорад, аммо ба идораи он алоқа надорад;

– маҳалли аҳолинишин – ҳудуде, ки ворид шудан ба он ва берун шудан аз он бо аломатҳои роҳи “Аввали маҳалли аҳолинишин” ва “Охири маҳалли аҳолинишин” ё  бо аломатҳои роҳи “Аввали сарҳади маҳалли аҳолинишин” ва “Охири сарҳади маҳалли аҳолинишин” ифода шудааст;

– минтақаи истиқоматӣ – ҳудуди ҳавлиҳои иморатҳо, инчунин қисми маҳалҳои аҳолинишин, ки ворид шудан ба онҳо ва баромадан аз онҳо бо аломатҳои роҳ “Минтақаи истиқоматӣ” ва “Охири минтақаи истиқоматӣ” ифода карда шудаанд;

– монеа барои ҳаракат дар роҳ – объекти дар роҳи иштирокчии ҳаракат дар роҳ ҷойгирбуда, ки ўро маҷбур месозад суръати ҳаракаташро паст кунад, онро давр зада гузарад ё бозистад;

– мошини худгард – трактори тасмачарх, мошини кишоварзӣ, роҳсозӣ, сохтмонӣ ва дигар мошин, ки бе андешидани чораҳои иловагӣ  оид ба  таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ пешбинӣ нашудаанд. Иштироки мошинҳои худгард дар раванди ҳаракат дар роҳ мутобиқи талаботи ҳамин Қоидаҳо амалӣ мегардад;

– микроавтобус – автобуси якошёна бо шумораи на зиёда аз ҳабдаҳ ҷойи нишаст, бо назардошти ҷойи ронанда;

– манёвркунӣ (манёвр) – оғози ҳаракат, дар рафти ҳаракат ҷойивазкунии воситаи нақлиёт аз як хат ба хатти  дигар (минбаъд- ҷойивазкунӣ), инчунин гаштани он ба тарафи рост ё чап, тобхўрӣ, баромадан аз қисми мошингарди роҳ, ба қафо ҳаракат кардан; 

– масофаи боздорӣ – масофаи тайнамудаи воситаи нақлиёт ҳангоми бозистии таъҷилӣ аз аввали таъсиррасонӣ ба ҷузъҳои идоракунии маҷмўи боздорӣ (педал, дастаи боздорӣ) то ҷойи бозистии он;

– пул – иншооте, ки барои ҳаракат аз болои дарё, ҷарӣ ва дигар монеаҳо пешбинӣ шудааст ва сарҳади он аввал ва охири равоқаҳои иншоот мебошанд;

– пиёдагард – шахсе, ки дар ҳаракат дар роҳ берун аз воситаи нақлиёт иштирок менамояд ва ягон кореро дар роҳ анҷом намедиҳад. Ба пиёдагардон инчунин шахсоне, ки бо аробачаҳои маъюбии бемуҳаррик ҳаракат мекунанд, велосипед, мопед, мототсиклро кашола карда мебаранд, чана, ароба, аробачаи бачагона ё маъюбиро мекашанд (мебаранд), баробар карда мешаванд;

– пайроҳаи пиёдагард – ҷузъи роҳ, ки бо таври конструктивӣ ё бо ёрии хатҳои нишонаи уфуқии роҳ ҷудо карда шудааст, барои ҳаракати пиёдагардон таъин гардида, бо аломати роҳи “Пайроҳаи пиёдагард” ифода шудааст;

– пиёдароҳа – ҷузъи роҳ, ки ҳамшафати қисми мошингарди роҳ мебошад ё аз он бо қитъаи махсус (кабудизор) ҷудо карда шуда, барои ҳаракати пиёдагардон пешбинӣ гардидааст;

– пайроҳаи велосипедгард – роҳи мутобиқгардонидашуда ё ки ҷузъи роҳи бо таври конструктивӣ ё бо ёрии хатти нишонаи уфуқии роҳ ҷудогардидаи барои ҳаракати ронандагони велосипед (минбаъд -велосипедрон) пешбинишуда, ки бо аломати роҳи “Пайроҳаи велосипедгард” ифода гардидааст;

– пешгузарӣ – ҳаракати воситаи нақлиёт бо суръати зиёдтар нисбат ба  суръати воситаи нақлиёти ҳамсамти дар хатти ҳамсоя ҳаракаткунанда;

– пули болои роҳ – иншооти муҳандисӣ, дар болои роҳ (роҳҳои оҳан), ки ба роҳи дигар фуромадҳо дорад ва ҳаракатро дар сатҳҳои гуногун таъмин менамояд;

– ронанда – шахсе, ки ягон намуди воситаи нақлиётро идора мекунад, галабоне (подабоне), ки ҳайвоноти боркаш, саворӣ ё подаро бо роҳ пеш мебарад. Ба ронанда таълимдиҳанда ҳангоми таълими рондани воситаи нақлиёт ва қабулкунандаи имтиҳони амалии идора кардани он баробар дониста мешаванд;

– роҳ – қисми замин ё ин ки сатҳи иншооти сунъии ободкардашуда ё мувофиқагардондашудаи барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон истифодашаванда;

– роҳи асосӣ – роҳи бо аломатҳои “Роҳи асосӣ”, “Буриш бо роҳи дуюмдараҷа”, “Пайвастшавии роҳи дуюмдараҷа”, “Шоҳроҳ” ё “Роҳ барои автомобилҳо” ифодакардашуда, нисбат ба роҳи буридашаванда (ҳамроҳшаванда) ё роҳи бо рўйпўши сахт (асфалт ва сементобетон, масолеҳи сангӣ ва монанди инҳо), нисбат ба роҳи хокӣ, ё ин ки ҳар дилхоҳ роҳ нисбат ба роҳҳои баромад аз ҳудудҳои ҳамшафат. Бевосита пеш аз чорроҳа дар роҳи дуюмдараҷа мавҷуд будани қитъаи роҳ бо рўйпўш аҳамияти онро бо роҳи буридашаванда баробар намесозад;

– роҳ додан – талаботеро ифода менамояд, ки иштирокчии ҳаракат дар роҳ набояд ҳаракатро оғоз кунад, аз нав ба ҳаракат дарояд ё ҳаракатро идома диҳад, ҳамчунин манёвреро анҷом диҳад, агар ин амал тавонад дигар иштирокчиёни ҳаракатро, ки нисбат ба ў ҳаққи афзалият доранд, барои тағйир додани самт ё суръати ҳаракат маҷбур созад;

– роҳбандон – ҷамъшавии воситаҳои нақлиёт дар роҳ, бинобар ҳаракат намудан ба суръати ниҳоят паст нисбат ба суръати барои минтақаи мазкури роҳ муқарраргардида;

– сафи муташаккили пиёдагардон – гурўҳи муташаккили одамоне, ки дар қисми мошингарди роҳ ба як самт ҳаракат мекунанд;

– сабқат – пеш гузаштан аз як ё якчанд воситаи нақлиёти ҳаракаткардаистода, ки бо баромадан ба хатте (тарафи қисми мошингарди роҳ), ки барои ҳаракати самти муқобил пешбинӣ шудааст ва баъдан ба хатти пеш ишғолнамуда (тарафи қисми мошингарди роҳ) баргаштан вобаста мебошад;

– таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ – фаъолияте мебошад, ки барои пешгирии сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани вазнинии оқибатҳои он нигаронида шудааст;

– тахограф – таҷҳизоти назоратие, ки насби он дар воситаи нақлиёти механикӣ бо мақсади чен кардан ва (ё) дар низоми худкор ба қайд гирифтани маълумот оид ба роҳи тайнамуда, суръати ҳаракати воситаи нақлиёт, дар давраи кору истироҳати ронандагони онҳо ва дигар маълумот пешбинӣ шудааст;

Матни пурра дар саҳифаи  >>>> 

Инчунин Аломатҳои ҳаракати роҳ ба забони тоҷикӣ дар сахифаи http://komron.info/cr/alomathoi-harakati-roh/

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …