Главная / Илм / ГАСТРОСТОМИЯ

ГАСТРОСТОМИЯ

gastrotomiyaГАСТРОСТОМИЯ (аз гастро… ва stoma – даҳон, сӯрохӣ), амалиёти ҷарроҳиест, ки дар мавриди он ба меъда носур (сӯрохӣ) гузошта мешавад. Г.-ро ҳангоми баста будани сурхрӯда (бинобар бемории саратон, баъди сӯхтан ва ғ.) бо мақсади ғизо додан ба мариз амалӣ мегардонанд.
Баъди Г. ба девораи меъда найчаи мулоими резинӣ ё силиконӣ дӯхта мешавад; як нӯги найчаро ба ҷавфи меъда дароварда, нӯги дигари онро аз ҷои буридаи девораи шикам берун меоранд. Рӯзҳои аввали баъди ҷарроҳӣ барои аз сӯрохӣ набаромадани найча онро бо тасма ё лейкопластир устувор менамоянд.
Барои хӯрок додан ба мариз ба нӯги найча қиф гузошта, ба он ғизои обакӣ мерезанд. Баъди анҷоми тағзия қифро мегиранд, найчаро бошад дуқад карда мебанданд.
Ҳангоми ифлос шудани найча онро мешӯянд; агар найча беҷо шавад, пас онро тоза мешӯянд, сӯрохашро аз назар мегузаронанд, сипас дар об ҷӯшонда равғани вазелин ё ванилин мемоланд ва оҳиста ба сӯрохи меъда (5 – 6 см) мефиристанд. Ба пӯсти атрофи гастростома хамираи руҳ молида мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …