Главная / Илм / ГАРМОБА

ГАРМОБА

garmobaГАРМОБА, ҷавонӣ, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Файзобод. Дар водии д. Гармоба (шохоби чапи д. Обигарм), 6 км шим. ғарбтар аз маркази ноҳ. воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 1520 м.Обаш гарм (420С), таркибаш ионҳои сулфат, хлорид, натрий, калсий, манган, молибден, волфрам, инчунин кислотаи силикат (42 мг/л), кислотаи метаборат (2 мг/л) ва бром (1,06 мг/л) дорад. Минералнокиаш 0,5 г/л. Дебиташ 1,3 л/сон. Оид ба Г. бори нахуст Э.Э. Карстенс тадқиқот анҷом додааст (1937). Барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима муфид аст.
Ад.: Чуршина Н.М., Минеральные воды Таджикистана, Д., 1992.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …