Главная / Илм / ГАРМОЗАНӣ

ГАРМОЗАНӣ

garmozaniГАРМОЗАНӣ (Thermoplegia), беморист, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд гарм шудани организм (аз таъсири ҳарорати баланди муҳит) ба амал меояд. Кор дар сехи гарм, роҳпаймоии дуру дароз, дар ҳавои гарм пӯшидани либоси ҳавоногузар ба Г. мусоидат мекунанд. Одами солим, одатан, ба тағйиГАРМОЗАНӣ (Thermoplegia), беморист, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд гарм шудани организм (аз таъсири ҳарорати баланди муҳит) ба амал меояд. Кор дар сехи гарм, роҳпаймоии дуру дароз, дар ҳавои гарм пӯшидани либоси ҳавоногузар ба Г. мусоидат мекунанд. Одами солим, одатан, ба тағйироти ҳарорати муҳит хуб мутобиқ мешавад, чунки организм қобили танзими ҳарорат (бинобар арақ кардан) аст. Дар аснои ниҳоят гарм шудан ва арақи зиёд кардан, аз организм оби бисёр хориҷ шуда, хун ғафс ва мувозинати намак вайрон мегардад. Бинобар ин шахсро гармо мезанад. Бо оксиген таъмин нашудани бофтаҳо, аз ҷумла сар, оқибати бади Г. мебошад. Танзими ҳарорати кӯдакон (хусусан тифли ширмак), одамони солхӯрда ва ашхоси системаи асаби вегетативиашон заиф номуккамал аст. Танзими ҳароратро рутубати баланди ҳаво, ки дар натиҷа ихроҷи арақ мушкил мегардад, душвор менамояд. Беҳолӣ, шалпарӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар, сарчархзанӣ аввалин аломатҳои Г. мебошанд. Минбаъд ҳарор. бадан то 38 – 400С баланд шуда қай, беҳушӣ, баъзан рагкашӣ ба амал меояд.
Гармозадаро то омадани духтур ба ҷои соя ва шамолрас хобонда ба сар, паҳлӯи гардан, зери каш ва қадкашак ях ё оби хунук гузоштан лозим. Хоса бо ҷойпӯши тар печондани ӯ манфиат дорад, чунки буғ шудани об ҳарорати баданро паст мекунад. Барои афзудани буғшавӣ вентилятор мегузоранд.
Офтобзанӣ аз таъсири бевоситаи нури офтоб ба сари луч ба вуҷуд меояд. Тани офтобзада аз ҳад зиёд гарм мешавад. Аломатҳои офтобзанӣ ва Г. ба ҳамдигар монанд буда, ба як тарз ёрии аввалин расонда мешавад.
Барои пешгирии Г. ва офтобзанӣ қоидаҳои дар сехи гарм ва офтобрӯя кор карданро риоя намудан зарур аст. Хусусан, риояи низоми ошомидан хеле муҳим мебошад. Аз нӯшидани чойи начандон талх, квас ва айрон мувозинати обу намак барқарор мешавад. Кор ва хӯроки нисфирӯзии одамони маҳаллҳои иқлимаш хеле гарм бояд ба вақти нисбатан салқини рӯз рост ояд. Дар гармӣ истеъмол кардани нӯшокиҳои спиртдор танзими ҳароратро якбора вайрон ва ба Г. мусоидат мекунад. Баъди муддати зиёд роҳ гаштан, дар соя дам гирифтан зарур аст. Дар сафар либоси сабук, ҳавогузар ва кулоҳ пӯшидан лозим. Мӯҳлати зиёд дар офтобрӯя ва бинои гарм будани одамони заиф ҷоиз нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …