Главная / Илм / ГАРМЧАШМА

ГАРМЧАШМА

garmchashma2ГАРМЧАШМА, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Ишкошим. Дар масофаи 42 км дуртар аз ш. Хоруғ, дар нишебиҳои ҷан. қ.-кӯҳи Шохдара, дар баландии 2800 м аз с. б. воқеъ гаштааст. Тадқиқоти илмии Г. аз ибтидои а. 20 оғоз меёбанд (Б. А. Федченко). Минбаъд ба ин кор олимон Н.И. Березкина, Е.Г. Андреев, Н.Е. Хрисанфов, Г.И. Жуков, Б.Р. Раҳматов, П.Т. Зоиров, Е.Т. Исаева вадиг. идома бахшидаанд.
Оби минералӣ аз байни ҷинсҳои қадимии кристаллию метаморфӣ фаввора зада, чанд ҳавзачаҳои табииро ба вуҷуд меорад, ки сатҳи онҳо аз 0,5 то 20 м2 аст; чуқуриашон то 0,5 м. Дебиташ 7 л/сон., минералнокиаш 3,4 г/л. Ҳарор. об аз 330 то 500С. Таркибаш натрий (700 мг/л), калий (75,0 мг/л), калсий (132 мг/л), магний (32,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (1629 мг/л), хлоридҳо (404 мг/л), сулфатҳо (161 мг/л), кислотаҳои силикат (196 мг/л), метаборат (32,0 мг/л), ангидриди озоди карбон (500 мг/л), гидрогенсулфиди озод (170 мг/л), гази карбонати ҳалшуда (380 – 500 мг/л), ҳамчунин микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол (оҳан, алюминий, магний, фтор ва стронсий) дорад. Оби чашма барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, системаи асаб, аъзои такяву ҳаракат, амрози занона ва пӯст (псориаз, экзема, невродермит, хориши пӯст, склеродермия, ихтиоз, шукуфаи сурхи паҳн, парапсориаз ва ғ.) муфид аст. Онро дар шакли обзан (ванна)-ҳои умумӣ кор мефармоянд. Баъзан вобаста ба таъинот барои табобати ҷузъӣ низ истифода бурдан мумкин аст (даст, по, аъзои ҷинсӣ ва ғ.). Обзанҳои умумиро пагоҳирӯзӣ баъди наҳорӣ қабул мекунанд. Қабл аз қабули обзан ва баъди он 15 – 20 дақ. истироҳат кардан лозим. Обзанро рӯзе як маротиба таъин мекунанд. Пас аз 5 – 6 рӯз ҳатман истироҳат карда, сипас агар зарур бошад, муолиҷаро идома медиҳанд. Як даври табобат аз 20 – 24 обзан иборат аст. Оби Г. аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ва хосиятҳои физикӣ ба обҳои курорти Истису (Озарбойҷон), Пятигорск, Железноводск, Хайдусабосло ва Харкани (Венгрия) шабоҳат дорад, вале миқдори гидрогенсулфид ва кислотаи силикат дар он бештар аст. Бинобар зиёд будани минералнокӣ оби чашма аз тарқишҳо берун баромада, шуша мебандад. Дар натиҷаи ба кристаллҳо табдил ёфтани калтсий чандин обзан (ванна)-ҳои табиии хурду калон ба вуҷуд омадаанд.
Ад.: Исаева Е.Т., Целебные воды «Гармчашмы», Д., 1973; Зоиров П.Т., Эффективность минерального источника Гарм-Чашма» на Памире при лечение больных детскими дерматозами. Дар кит.: Вопросы эпидемиологии, клиники, лечения и профилактики венерических заболеваний, Д., 1976; Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994; Зоиров П.Т., Рахматов Б.Р., Целебные минеральные источники Таджикистана и болезни кожи, Д., 2003.

П.Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …