Главная / Илм / ГАРМЧАШМА

ГАРМЧАШМА

garm-chashmaГАРМЧАШМА, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳ. Ванҷ. Дар соҳ. чапи д. Ванҷ, 50 км шарқтар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. – 2400 м. Оби чашма ба воситаи шаш пармачоҳ мебарояд, ки панҷтои он 500 м дуртар аз роҳи мошингард воқеъ гаштааст; дебети умумиашон 20 л/с. Пармачоҳи шашум дар сари роҳи мошингард ҷой гирифтааст; дебеташ зиёда аз 10 л/с (оби он ба д. Ванҷ мерезад). Мавзеи Г. ба шибарзамин табдил ёфтааст. Ҳарор. обаш +210С; минералнокии умумиаш – 1,9 г/л. Таркиби оби чашма аз катионҳои натрий (267 мг/л), калсий (189 мг/л), магний (61,0 мг/л), калий (16,0 мг/л), анионҳои сулфат (683 мг/л), хлоридҳо (281мг/л), гидрокарбонатҳо (268 мг/л), кислотаи силитсий (27,0 мг/л), ҳамчунин оҳан, никел, фтор, бром, маргимуш, руҳ ва сезий иборат аст. Оби чашма ҳамчунин радон (2,8 нКи/л) дорад. Омили асосии шифобахши чашма оби карбонатии дорои сулфатҳо, хлоридҳо, натрий ва калтсий мебошад. Онро метавон барои муолиҷаи холесистит, гепатит, илтиҳоби музмини меъда ва фарбеҳӣ истеъмол кард.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …