Главная / 2017 / December (страница 34)

Архив Месяца: December 2017

БРОНХҲО

bronho

БРОНХҲО (аз юн. bronchos – хирной, хикиртак), шохаҳои нои нафаскашӣ, ки ҳаворо ба шуш мебаранд. Ду бронхи асосӣ – рост (калонтар) ва чап (хурдтар) ба шуш даромада, ба шохаҳои калону хурд тақсим мешаванд. Ҳар шоха дар навбати худ ба алвеолаҳо ворид мегардад. Б. дар маҳалли миёндевори сина бо рагҳои бузург …

Муфассал »

БРУТСЕЛЛЁЗ

brucellosis

БРУТСЕЛЛЁЗ (Brucellosis), бемории сироятии музмин, ки дар мавриди он бештар дастгоҳи такяву ҳаракат, силсилаи асаб ва узвҳои ҷинсӣ осеб меёбанд. Б. бо номҳои таби баҳримиёназаминӣ, бемории Брюс, бемории Банг низ маъмул аст. Ангезаи Б. брутселлаҳо ном бактерия буда, онҳо спора ҳосил намекунанд. Брутселлаҳо дар муҳити ғизоии муқаррарӣ нумӯ меёбанд, ба …

Муфассал »

БУҒМА

leontice

БУҒМА (Leontice ewersmannii), гилемшӯй, собунак, тасбеҳак, навъе аз гиёҳҳои бисёрсола. Аз 20 то 60 см қад мекашад. Баргаш паҳни чокдор, гулаш зард, ғӯзааш пуфакшакл (1 – 2 тухм дорад). Март – апр. гул ва апр. – июн мева мекунад. Одатан, дар нишебии кӯҳҳо, буттаю бешазори гармсер, пистаю фаркзор мерӯяд. Онро …

Муфассал »

БУҒУМ

payvandak

БУҒУМ, мафсил, пайванди мутаҳаррики устухонҳо. Одатан, пайвандгоҳи устухонҳои ангуштро Б. меноманд, мас., Б.-и асосӣ, Б.-и миёна, Б.-и нохун. Ниг. низ Банд.

Муфассал »

БУҒУМАК

bugumak

БУҒУМАК (Polygonum persicaria), бобосилак, кайкалаф, гиёҳест яксола. Аз 20 то 100 см қад мекашад. Пояи буғумдори сершох, барги нештаршакл, гули гулобӣ ё сафед дорад. Гулаш моҳҳои май – окт. мешукуфад. Дар марғзорҳо, саҳро, боғ, қад – қади ҷӯйборҳо, киштзори обӣ ва шолизор (дар баландии 300 – 2700 м аз с. …

Муфассал »

БУЖЗАНӣ

bujzani

БУЖЗАНӣ, бо мақсади ташхис ва муолиҷа ба баъзе узвҳои найчашакл ворид сохтани асбобҳои махсус – бужҳо. Б. ҳангоми хадша бастани узвҳои найчашакл истифода мегардад. Барои ин Б.-ҳои филизӣ ва чандир кор фармуда мешаванд (онҳоро қаблан стерилизатсия менамоянд). Б.-ро дар амалияи урологӣ баҳри ошкор сохтани дараҷаи танг гаштани маҷрои пешоб ва …

Муфассал »

БУЗҒУНҶ

buzgunch

БУЗҒУНҶ, бузғинҷ, ғунҷ, ҷинҷак, галла, як навъ омоси узвҳои растаниро гӯянд, ки дар натиҷаи аз таъсири оби даҳони ангезандаҳо (бактерияҳо, кирму кана) зуд тақсим ва калон шудани ҳуҷайраҳои паренхима ба вуҷуд меояд. Б. барои ангезандаҳо муҳити ғизо ва сукунат аст. тақр. 15 ҳаз. Б.-ҳои гуногуншакл маълуманд, ки бештар дар узвҳои …

Муфассал »

БУҚРОТ

hippokrates

БУҚРОТ (муарраби Hippokrates), Ибуқрот, Гиппократ (460, ҷаз. Кос – 377 то м., Фессалия), ҳаким ва мутафаккири Юнон. Яке аз асосгузорони тибби антиқӣ, асосгузори усули ташхиси клиникӣ дар тиб. Б. тибро аз падараш (Гераклид) ва дар мактаби тиббии ҷаз. Кос омӯхтааст. Модари Б. – Фенарета момодоя буд. Б. баъди фавти волидон …

Муфассал »

БУЛИМИЯ

bulumiya

БУЛИМИЯ (Bulimia; аз юн. bu (s) – буққа ва limos – гуруснагӣ), эҳсоси ноҷури гуруснагӣ. Б., одатан, боиси бисёр истеъмол кардани ғизо мешавад (полифагия). Сабаби асосии Б. ихтилоли фаъолияти маркази ташаккули ҳисси гуруснагӣ, иштиҳо ва серӣ бинобар бемориҳои асабҳои марказӣ (энсефалит, омоси чуқурчаи қафои ҷумҷума), ноҷӯриҳои рӯҳӣ (кататония, олигофрения) ва …

Муфассал »

БУЛУТ

bulut

БУЛУТ (Quercus), дарахтест худрӯй ва боғӣ. Б. дарахти қадбаланд (35 – 40 м) аст; қутраш 1 – 1,5 м; 500 (баъзе намудҳояш то 2000) сол умр мебинад. Танааш рост, баъди 30 – 35 сол бо пӯстлохи хокистарранги тира пӯшида мешавад. Баргаш пармонанд, гулаш майдаи ҷудоҷинса; баробари кушода шудани баргҳо мешукуфад. …

Муфассал »