Главная / Илм / БУЖЗАНӣ

БУЖЗАНӣ

bujzaniБУЖЗАНӣ, бо мақсади ташхис ва муолиҷа ба баъзе узвҳои найчашакл ворид сохтани асбобҳои махсус – бужҳо. Б. ҳангоми хадша бастани узвҳои найчашакл истифода мегардад. Барои ин Б.-ҳои филизӣ ва чандир кор фармуда мешаванд (онҳоро қаблан стерилизатсия менамоянд).
Б.-ро дар амалияи урологӣ баҳри ошкор сохтани дараҷаи танг гаштани маҷрои пешоб ва табобати он амалӣ мегардонанд. Б. ҳангоми бемориҳои шадиди аъзои таносул ва пешоб (простатит, систит, пиелонефрит ва ғ.), ҳамчунин осеби найчаҳои пешобгузар ҷоиз нест. Ба маҷрои пешоби мардҳо ворид сохтани буж бинобар каҷии физиологии пешобдон душвориҳо пеш меорад. Дар сурати беэҳтиётӣ буж метавонад девораи пешобдонро захмӣ ё сӯрох намояд. Барои роҳ надодан ба чунин ҳолат беҳтараш аз бужҳои пластмассӣ истифода шавад.
Б.-и гулӯ ва хирнойро бо бужҳои чандир дар мавриди инқибози хадшавии онҳо ба амал меоранд. Қабл аз оғози кор роҳи болои нафас ва ҳалқу бинӣ карахт карда мешавад.
Б.-и сурхрӯдаро низ ҳангоми инқибози хадшавии он ба амал меоранд. Барои ин ботартиб аз чанд навъи буж истифода мебаранд (аввал бужи борик фиристода мешавад). Б.-и сурхрӯда дар вақти илтиҳоби луобпардаи даҳон ва гулӯ ҷоиз нест. Дар мавриди беэҳтиётона истифода бурдани буж мумкин аст девораи сурхрӯда сӯрох шавад (дар он ҳолат ҳатман ба ҷарроҳӣ даст мезананд).
Б.-и найи сомеаро бо мақсади ошкор сохтани қобилияти гузарониш ё қабл аз ҷарроҳӣ (тимпанопластика) васеъ кардани он амалӣ мегардонанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …