Главная / Илм / БРУТСЕЛЛЁЗ

БРУТСЕЛЛЁЗ

brucellosisБРУТСЕЛЛЁЗ (Brucellosis), бемории сироятии музмин, ки дар мавриди он бештар дастгоҳи такяву ҳаракат, силсилаи асаб ва узвҳои ҷинсӣ осеб меёбанд. Б. бо номҳои таби баҳримиёназаминӣ, бемории Брюс, бемории Банг низ маъмул аст.
Ангезаи Б. брутселлаҳо ном бактерия буда, онҳо спора ҳосил намекунанд. Брутселлаҳо дар муҳити ғизоии муқаррарӣ нумӯ меёбанд, ба таъсири омилҳои муҳит ва сармо тоб меоранд. Андозаи брутселлаҳо 0,3 – 2,5 мкм буда, онҳо 6 намуд доранд; Br. melitensis – дар ҷисми чорвои майда (бузу гӯсфанд) зиндагӣ мекунад ва барои одам бемориовар аст; Br. abortus bovis – ангезандаи Б.-и гов буда, барои одам бемориовар мебошад; Br. abortus suis – асосан дар ҷисми хук зиндагӣ менамояд; Br. canis – Б.-и сагро ба вуҷуд меорад ва барои одам бемориовар аст; Br. neotomae – ҳомили асосии он калламушҳои дарахтгард мебошанд; Br. ovis – ҳомили асосии он гӯсфанд буда, зиёни он барои одам аниқ муқаррар нашудааст.
Б. мансуб ба амрози зоонозӣ буда, хоси моли майда (бузу гӯсфанд, хук) ва гов, ҳамчунин гавазн мебошад. Бештар дар мавзеъҳои чорводорӣ ба назар мерасад. Одам ҳангоми истеъмоли шир ва маҳсулоти ширии чорвои касал, ҳамчунин дар аснои нигоҳубин ва зоёндани чорво, куштану пора кардани гӯшт сироят меёбад. Б. аз одам ба одам намегузарад. Брутселлаҳо аз организми чорво ба воситаи пешоб, ахлот, шир, муҳтавои бачадон хориҷ мешаванд. Дар таркиби маҳсулоти ширии хом брутселлаҳо 15 – 60 рӯз, дар таркиби гӯшт то 20 рӯз маҳфуз мемонанд. Ангезаҳои Б. ба организми одам метавонанд тавассути зарраҳои пашм, пору, тагандози чорво ва хок низ сироят бикунанд. Нисбати Б. масуният (иммунитет)-и бардавом ба вуҷуд намеояд.
Брутселлаҳо ба воситаи пӯст ё луобпардаҳо вориди организми одам шуда, аввал ба ғуддаҳои лимфавӣ ва сипас ба хун мегузаранд. Онҳо аз хун ба ҷигар, сипурз, мағзи устухон, ғуддаҳои лимфавӣ гузашта, дар он ҷо манбаи дуюмини сироятро ба вуҷуд меоранд. Аз лаҳзаи ба организм ворид шудани брутселлаҳо байни онҳо ва ҳомил мубориза ба вуқӯъ мепайвандад. Агар дараҷаи сироятангезӣ ва вояи брутселлаҳо кам бошад, пас онҳо дар ғуддаҳои лимфавӣ маҳв мегарданд. Брутселлаҳо қисман зери таъсири фагоситози хун ва қувваи муҳофизии худи организм низ маҳв мешаванд ва эндотоксин ихроҷ менамоянд. Брутселлаҳои фавтида ва заҳри онҳо дар маҷрои хун гардиш карда, ба ҳуҷайраву бофтаҳои организм таъсир мерасонанд. Дар натиҷа дар организм вокунишоти аллергӣ рух менамояд, ки нишонаҳои он илтиҳоби дастгоҳи такяву ҳаракат, силсилаи асабҳои канорӣ, узвҳои ҷинсӣ ва ғ. мебошанд. Ҳамин тавр, манбаъҳои иллат, яъне метастазаҳо ташаккул меёбанд. Вобаста ба пайдоиши масуният брутселлаҳо аз ҷигар, сипурз, ғуддаҳои лимфавӣ ва мағзи устухон қисман ба берун ихроҷ шуда, қисман зери таъсири механизмҳои муҳофизӣ маҳв мегарданд; баъзеи онҳо чанд моҳ дар ҷои худ маҳфуз мемонанд. Мавриди фароҳам омадани шароити мусоид (суст шудани қувваи муҳофизии организм бар асари хастагӣ, сармо задан, асабӣ шудан ва ғ.) брутселлаҳои дар организм вуҷуддошта фаъол мешаванд. Онҳо дар чунин мавридҳо дубора ба хун гузашта, ба узву бофтаҳо паҳн мегарданд. Ҳамин тавр, беморӣ гоҳ хурӯҷ кардаву гоҳ хомӯш шуда, дуру дароз давом мекунад.
Давраи ниҳонии Б. 7 – 30 рӯз аст. Аломатҳои он хеле гуногунанд. Дар манбаи беморӣ гоҳо Б.-и ниҳонӣ мушоҳида мешавад. Дар мавриди чунин тарзи маризӣ брутселлаҳо дар шакли «ором» қарор доранд. Вале ҳангоми дақиқ муоина кардани чунин ашхос, аломатҳои Б.-ро ошкор бинмудан душвор нест (калон шудани ғуддаҳои лимфа, ихтилоли вазоифии силсилаи асаб, бузург шудани ҷигар, сипурз ва ғ.).
Беморони мубталои Б. дуру дароз табу табларза карда, бисёр арақ менамоянд, ҷигару сипурз беҳад калон мешавад (гепатоспленомегалия), дастгоҳи такяву ҳаракат заъф меёбад, силсилаи асаб, дилу рагҳо, ихроҷи пешоб хароб мегардад.
Чандин таснифоти Б. вуҷуд дорад, вале нисбатан асосиаш таснифоти Г.П. Руднев (1955) аст. Мувофиқи он Б. шадид (то 3 моҳ), шадидмонанд (то 6 моҳ), музмин (зиёда аз 6 моҳ) ва боқимонда (резидуалӣ) мешавад. Дар таснифоти мазкур нафақат давомоти маризӣ, балки дараҷаи вазнинӣ (сабук, миёна, вазнин) ва давраҳои раванди беморӣ низ ба эътибор гирифта шудаанд.
Қабл аз оғози Б.-и шадид ва шадидмонанд давраи пешхабар вуҷуд дорад, ки 3 – 5 рӯз тӯл мекашад: сустиву беҳолӣ, бедимоғӣ, зуд хаста шудан, сим – сим дард кардани сар, кам гаштани иштиҳо. Дар охири давраи пешхабар аломатҳои заҳролудӣ меафзоянд ва нишонаҳои асосии маризӣ падид меоянд: гипертермия, ки бо табу тасф ва серарақӣ рух менамояд, ҳамчунин гепатоспленомегалия. Таб дуру дароз аст. Қатъи назар аз ин вазъи саломатӣ тағйир нахоҳад ёфт.
Б.-и шадид бо табларзаи сахт оғоз меёбад. Сараввал ҳарорати бадан аз меъёр паст шуда, сипас мариз тасф мекунад, даҳон мехушкад, ҳарорат тадриҷан баланд мегардад, арақи бисёр ба вуҷуд меояд. Ғуддаҳои лимфавӣ, хусусан ғуддаҳои гардан ва зери каш, ба қадри лӯбиё калон мешаванд; онҳо дард намекунанд ва аз бофтаҳои атроф ҷудо мебошанд. Дар насҷи зери пӯст, дар мавзеи рагу пай ва мушакҳо ғуддаҳои сахти дардманд – фиброзитҳо ва селлюлитҳо пайдо мешаванд.
Дили бисёр беморон аз андоза калонтар ва оҳанги он суст хоҳад шуд; ҳатто мумкин аст миокардит, эндокардит, перикардит рух намояд. Ба вуҷуд омадани бронхит, бронхопневмония, бронхоаденитҳо низ аз эҳтимол дур нест. Ҷигар ва сипурз калон, мулоим, дардманд (ҳини молиш додан) мешавад; нишонаи осеб ёфтани ҷигар сим – сим дард кардани зери қабурғаи рост аст. Дар ҳолатҳои вазнини Б. ихтилоли рӯҳия ва сарсом сар мезанад. Ҷараёни сарсом суст, бидуни падидаҳои асосӣ аст (сарсоми брутселлёзӣ, одатан, хусусияти серозӣ дорад).
Дар мавриди Б.-и шадид гоҳо дастгоҳи такяву ҳаракат низ заъф меёбад; дарди банду буғум баробари кам гаштани аломатҳои заҳролудӣ нест хоҳад шуд.
Б.-и шадидмонанд дар натиҷаи дер ташхису табобат кардан ба вуқуъ мепайвандад. Вале ин сабаби асосӣ нест. Дар пайдоиши он майл ба ҷараёни музмин доштани худи маризӣ ҳам аҳамияти калон дорад. Дар чунин ҳолатҳо баъди муолиҷаи этиотропӣ (ба сабабгори маризӣ таъсир мекунад) низ дар организми беморон брутселлаҳо боқӣ мемонанд.
Дар организм дуру дароз маҳфуз мондани брутселлаҳо ва барои пайдоиши маризӣ фароҳам омадани шароити мусоид (заъфи ҷисмониву рӯҳӣ, хунук хӯрдан, якбора халалдор шудани равандҳои мубодила ва ғ.) боиси такрор ёфтани Б. хоҳад шуд. Беморӣ метавонад баъди 1 – 2 моҳи шифо ёфтани мариз ё баъдтар такрор шавад. Мариз табларза карда, арақи бисёр мекунад. Бештар дастгоҳи такяву ҳаракат зиён мебинад. Бархе аз маризон дар натиҷаи саривақт ва дуруст табобат кардан, пас аз 1 – 2 соли оғози маризӣ комилан офият меёбанд. Вале бисёр вақт беморӣ бардавом ва ҷараёни он музмин хоҳад шуд.
Б.-и музмин дар натиҷаи аз сар гузаронидани шаклҳои шадид ва шадидмонанди беморӣ пайдо мешавад, аммо он бевосита баъди давраи ниҳонӣ низ метавонад рух намояд. Б.-и музмин мувофиқи таснифи Г.П. Руднев (1966) ба чунин шаклҳо ҷудо карда мешавад: аҳшоӣ ( дилу рагӣ, шушӣ, ҷигариву сипурзӣ); банду устухонӣ (иллати бандҳо, иллати устухонҳо, иллати устухонбандии нарм, муштарак); асабӣ (иллати асабияи канорӣ, иллати силсилаи асабҳои марказӣ, психобрутселлёз); урогенеталӣ (мансуб ба узвҳои бавлу таносул); муштарак; Б.-и омехтаи музмин (Б. бо вараҷа, Б. бо сил, Б. бо сифилис ва бемориҳои сироятии дигар).
Дар мавриди Б.-и музмин бештар иллати дастгоҳи такяву ҳаракат сар мезанад: артрит (газаки буғумҳо), бурсит, тендовагинит (газаки ниёми пай), периостит (газаки устухонпарда), перихондрит (газаки тағоякпарда). Банду буғумҳо сурх шуда, варам мекунанд, ҳаракати онҳо маҳдуд мегардад. Баъзан банду буғумҳо аз дарун низ иллатӣ мешаванд, ки дар натиҷа артроз, спондилоартроз ва анкилоз сар мезанад. Ҳамаи ин ноҷуриҳо бо дарди ҷонкоҳ сурат мегиранд; бемор сусту беҳол ва асабонӣ аст, бехобӣ мекашад.
Бар асари Б.-и музмин бисёр вақт узвҳои бавлу таносул низ осеб мебинанд (орхит, эпидидимит, оофорит, салпингит, эндометрит, ихтилоли ҳайз, қатъи ҳамл). Гоҳо фаъолияти ғадуди сипаршакл ва ғадудҳои болои гурда тағйир меёбад (лейкопения, лимфоситоз, эозинопения, тромбоситопения рух менамоянд). Мариз корношоям ва ҳатто маъюб мешавад.
Анҷоми беморӣ барои ҳаёт асосан хавфнок нест. Ҳодисаи фавт хеле кам мебошад.
Б.-ро дар асоси маълумоти эпидемиологӣ, сарирӣ ва лабораторӣ ташхис мекунанд. Нишонаҳои гематологӣ: лейкопения, лимфоситоз, нейтропенияи моил ба чап, моноситоз, эозинопения. Барои ташхиси Б. ҷудо кардани ангезанда (кишти хун, кишти мағзи устухон) аҳамияти калон дорад, вале ин усулро метавон фақат дар лабораторияҳои махсус иҷро кард. Ғайр аз ин брутселлаҳо дар муҳити ғизо ниҳоят суст (то 30 рӯз) месабзанд. Б.-ро аз вараҷа, уфунат (сепсис), домана, тарбод, артрити тарбодмонанд фарқ кардан лозим аст.
Дар вақти Б.-и шадиди уфунӣ тетрасиклин ва левомитсетин таъйин карда мешавад. Пас аз рафъ шудани падидаҳои шадиди беморӣ ваксинотерапия нафъ меорад. Ваксинотерапия дар аснои Б.-и музмини метастазӣ роҳи асосии табобат аст. Ваксина ба зери пӯст, дохили пӯст, мушак ва варид фиристода мешавад. Барои табобати Б. лойқашифоӣ низ муфид аст. Ба маризҳо 10 – 12 обзан (ванна)-и сулфидӣ (60 – 80 мг/л) таъйин карда мешавад, ки ҳарорати онҳо 36 – 370С аст. Давомоти қабули проседура 10 – 15 дақ. мебошад. Варзиши шифоӣ, риояи низоми кору истироҳат ва масҳ низ муфиданд.
Барои пешгирии Б. саривақт ошкор намудани ҳайвони касал ва ҷудо нигоҳ доштани он муҳим аст. Инчунин ба ҷонварон моя (ваксина) мегузаронанд, онҳоро дар майдончаҳои махсус бо риояи тадбирҳои махсус мекушанд. Биноеро, ки ҳайвони касал нигоҳ дошта шуда буд, безарар кардан зарур аст. Ба ин мақсад аз маҳлули доруҳои безараргардон истифода мекунанд; ҳамли сақатшуда, ҳамроҳак, тарашшӯҳоти баъди зоиш, саргин ва пахол, коҳ, аррамайдаи олударо месӯзонанд. Пӯсти ҳайвони забҳшударо барои безарар кардан, 2 моҳ дар намак мехобонанд; пашми онҳоро бо бромиди метил безарар мегардонанд.
Дар хоҷагиҳое, ки Б. пайдо шудааст, ҷурғот, панир ва ғ.-ро аз шири ҷӯшонида тайёр мекунанд. Панирро дар намакоб 60 шаборӯз нигоҳ медоранд, гӯштро 3 соат мепазанд ё 2 моҳ ба намак мехобонанд.
Шахсони бо ҳайвоноти касал сарукордошта, коргарони корхонаҳои саноатӣ (комбинатҳои гӯшт, коркарди пашм, қароқӯлпарварӣ, корхонаҳои чармгарӣ, панирпазӣ ва ғ.) бояд либоси махсус (дастпӯшакҳои резинӣ, корҷома, пояфзори резинӣ) дошта бошанд (онҳоро баъди кор бо маҳлули лизол ё хлорамин безарар мегардонанд). Наврасон ва занҳои ҳомиларо ба ин гуна корҳо роҳ намедиҳанд. Коргарони чунин корхонаҳо ҳар сол моякӯбӣ карда мешаванд.
Ад.: Руководство по клинике, диагностике и лечению опасных инфекционных болезней, М., 1994; Камардинов Х.К., Инфекционные болезни, Д., 2005; Ҳамон муаллиф, Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009.

Х. Қ. Қамардинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …