Главная / Илм / БУҒМА

БУҒМА

leonticeБУҒМА (Leontice ewersmannii), гилемшӯй, собунак, тасбеҳак, навъе аз гиёҳҳои бисёрсола. Аз 20 то 60 см қад мекашад. Баргаш паҳни чокдор, гулаш зард, ғӯзааш пуфакшакл (1 – 2 тухм дорад). Март – апр. гул ва апр. – июн мева мекунад. Одатан, дар нишебии кӯҳҳо, буттаю бешазори гармсер, пистаю фаркзор мерӯяд. Онро дар мавзеъҳои Сирдарё, Ҳисору Дарвоз ва Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 1100 – 1900 м аз с.б.) дучор омадан мумкин аст.
Бо ақидаи Дисқуридус ин растаниро ҳама медонад, зеро он пашмро «аз ифлосиҳо тоза мекунад». Берунӣ Б.-ро гилемшӯй номидааст. Ва имрӯз низ лӯндабехҳои онро собунак меноманд. Пештар онро чун собун кор мефармуданд.
Дар тибби халқӣ ҷӯшоби бехи Б.-ро давои илтиҳоб, захми меъдаву рӯда, сил, буғма, заифии тан ва ғ. меҳисобиданд. Ҷӯшоби баргу гул ва меваи он ба сифати обзан (ванна) барои муолиҷаи амрози пӯст тавсия мешавад, бо мева ва бехи Б. бемории сифилисро табобат мекарданд.
Дар тибби илмӣ қиёми хушк ва тари L. Smirnovii барои табобати гастрит, ахилия ва диг. бемориҳое, ки вобаста ба камии тарашшӯҳи шираи меъда мебошанд, истифода мегардад. Қиёми хушки Б. хокаи сафеди зардча буда, таъми талх дорад ва дар об нағз ҳал мешавад. Аз Б. алкалоидҳои таспин, пахикарпин, лупанин, леонтидин, деонтамин, леонтин ва ғ. ҷудо карда шудаанд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …