БУЗҒУНҶ, бузғинҷ, ғунҷ, ҷинҷак, галла, як навъ омоси узвҳои растаниро гӯянд, ки дар натиҷаи аз таъсири оби даҳони ангезандаҳо (бактерияҳо, кирму кана) зуд тақсим ва калон шудани ҳуҷайраҳои паренхима ба вуҷуд меояд. Б. барои ангезандаҳо муҳити ғизо ва сукунат аст. тақр. 15 ҳаз. Б.-ҳои гуногуншакл маълуманд, ки бештар дар узвҳои наврасу решаи растаниҳо, аз ҷумла дарахтони мева (себ, нок, писта, ток ва ғ.) ба вуҷуд меоянд. Б.-ҳо шакл, ранг ва ҳаҷми хеле гуногун доранд ва ангезандаи онҳоро аз рӯи аломатҳо муайян кардан мумкин аст. Б.-ҳо халтачашакл, дилшакл ва мӯймонанд мешаванд. Б. аз бофтаҳои муқаррарӣ бо оби бисёр, моддаҳои ғизоии захиравӣ ва моддаҳои рангкунанда фарқ мекунад. Б.-и барг боиси зуд хушкидани он мешавад; Б.-и шоху навда сабзиши онҳоро бозмедорад. Б. ба ғизогирии мӯътадили растанӣ халал расонда, боиси маҳви он мегардад.
Б.-ҳо дар баробари зарар аҳамият низ доранд. Б.-и писта, булут, татум ва ғ. дар рангубор ва даббоғӣ ба кор меравад. Аз Б.-и писта барои рангубори гилем ранги пуштӣ мегиранд. Аз ҳар бех писта то 12 кг Б.-и хушк меғундоранд.
Табибони халқӣ Б.-и бехтаро чун давои исҳол ва захми узвҳои ҳозима истифода мебаранд. Онҳо нӯшидани чойи Б.-ро бо қанд ё асал давои тақвиятбахш меҳисобанд. Як қошуқ Б.-ро дар 1 л об 5 дақ. ҷӯшонда сипас полонда мегиранд (барои тарбандӣ муҳим аст). Хоса Б.-ҳои сабз ва норасида аҳамияти бештар доранд. Б.-и барги булут якҷоя бо сирко давои дарди дандон ва гӯш мебошад. Онро табибони халқӣ барои дармони кафидагии лаб, сили шуш, сӯхтагии пӯст, бемориҳои чашм, исҳол ва хуншорӣ, хушконидани обияти бачадон, табобати экзема, шукуфа, саромос, кафидагии пӯсти дасту по, хунравии бачадон, меъда, бавосир ва ғ. тавсия медиҳанд.
Б. барои пешобдон зарар дорад. Бинобар ин онро ба як маротиб аз 3 г зиёд истеъмол кардан ҷоиз нест.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …