Главная / Илм / БУҒУМАК

БУҒУМАК

bugumakБУҒУМАК (Polygonum persicaria), бобосилак, кайкалаф, гиёҳест яксола. Аз 20 то 100 см қад мекашад. Пояи буғумдори сершох, барги нештаршакл, гули гулобӣ ё сафед дорад. Гулаш моҳҳои май – окт. мешукуфад. Дар марғзорҳо, саҳро, боғ, қад – қади ҷӯйборҳо, киштзори обӣ ва шолизор (дар баландии 300 – 2700 м аз с. б.) мерӯяд.
Бо мақсади доруӣ баргу поя (асосан нуги шохчаҳо)-и Б.-ро дар давраи гулшукуфт ҷамъ оварда, дар ҷои соя хушк мекунанд. Табибони халқӣ нақеъи Б.-ро барои табобати қабзияти музмин, бавосир, хунравии бачадон, радикулит, инчунин барои рондани пешоб тавсия медиҳанд. Бо ин мақсад бояд 1 чумча барги кӯфтаи Б.-ро дар як истакон оби ҷӯш андохта, 4 соат нигоҳ дошт; онро полида, тӯли 3 ҳафта рӯзе 2 маротиба баъди хӯрок нимистаконӣ истеъмол кардан лозим аст. Бо ин мақсад метавон қиёми обакии онро низ истифода бурд (30 – 40 чакрагӣ рӯзе 3 маротиба пеш аз таом; 1 – 3 ҳафта).
Бо ақидаи табибони халқӣ Б. беҳтарин давои бавосир аст. Барои ин 4 каф алафи тар ё 2 каф алафи хушки онро дар 2 л об 15 дақиқа меҷӯшонанд; сипас ба даво 2 истакон шири гарм ва як чумча оҳар андохта, дар буғи он мешинанд. Давомоти табобат 1 – 2 моҳ аст. Ғайр аз ин, бо нақеъи Б. (1 қошуқча дар як истакон об) гулӯро ғарғара мекунанд (дар натиҷа дард ва варами он нест мешавад).
Пажӯҳишҳо нишон доданд, ки нақеъ ва қиёми обакии Б. фаъолияти дилро тақвият бахшида, рагҳоро танг мекунанд, лахтабандӣ ва ғилзати хунро меафзоянд. Қиёми обӣ ва спиртии Б. таъсири исҳоловар низ дорад. Дар беморхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Қазоқистон давоҳои Б. барои муолиҷаи бавосир санҷида шуданд. Маълум гашт, ки онҳо дар баробари исҳол, пешобро низ меронанд, хосияти хунбандӣ дошта, барои табобати бемориҳои гурда ва дил, инчунин бавосир ва қабзият муфиданд. Дар амалияи тиб қиёми обӣ (30 – 40 чакрагӣ рӯзе 3 маротиба) ва нақеъи Б. (як қошуқӣ рӯзе 3 маротиба то истеъмоли хӯрок) – ро барои табобати хуншории бачадон ва бавосир тавсия медиҳанд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …