Главная / Илм / БУҚРОТ

БУҚРОТ

hippokratesБУҚРОТ (муарраби Hippokrates), Ибуқрот, Гиппократ (460, ҷаз. Кос – 377 то м., Фессалия), ҳаким ва мутафаккири Юнон. Яке аз асосгузорони тибби антиқӣ, асосгузори усули ташхиси клиникӣ дар тиб. Б. тибро аз падараш (Гераклид) ва дар мактаби тиббии ҷаз. Кос омӯхтааст. Модари Б. – Фенарета момодоя буд. Б. баъди фавти волидон ба ш. Афина кӯчид. Аз Геродик таълим гирифтааст. Ба Арабистон, Осиёи Хурд ва ба соҳили Баҳри Сиёҳ рафта, ба омӯхтани ҳаёт, иқлим, илму маданият ва тибби ин кишварҳо шурӯъ мекунад. Хизмати бузурги Б. дар он аст, ки ӯ тибро аз таъсири тибби коҳинон ва калисо озод карда, роҳи инкишофи мустақилонаи онро муқаррар сохт. Б. таълим медод, ки табиб бояд на беморӣ, балки беморро муолиҷа кунад, хусусиятҳои фардии организм ва муҳитро ба назар гирад. Б. сабаби бемориро аз фасли сол, хосияти обу замин, тарзи зиндагӣ, нуқси модарзодӣ, синну сол, ирқ, таом, муҳити кор ва ғ. медонист. Б. аъзои бадани одамро қиёсан бо аъзои ҳайвонот омӯхтааст. Мувофиқи маълумоти Б. ҳаёт ба 4 моеи ботин (хун, луоб, зардаи зард, зардаи сиёҳ) ва ба омили табиии бадан (гармӣ, сардӣ, хушкӣ, намӣ) вобаста аст. Б. мизоҷи шахсро аз афзалияти ин ё он моеи ботин медонист. Дар осори Б. дар бораи бемориҳои дарун, занона, кӯдакон, рӯҳӣ, ханозир, буғумдард, шикастабандӣ ва ҷарроҳӣ маълумоти муфид дида мешавад. Б. ҳангоми табобат аввал парҳезу режими махсус, риояи беҳдошти шахсиро ба назар гирифта, сипас ба майлу рағбат ва муҳите, ки беморро фаро мегирад, аҳамият медод. Б. асосгузори географияи тиббӣ мебошад. Вобаста ба конститутсия 4 гурӯҳи одамонро муайян кардааст: дамавӣ (сангвиник), сафроимозоҷ (холерик), хунсард (флегматик) ва молхӯлиёӣ (меланхолик). Б. ба масъалаи пайдоиши бемориҳо эътибори хос дода, 4 қоидаи асосии табобатро пешниҳод намудааст: «манфиат расон, на зиён»; «мухолифро бо мухолиф табобат бикун»; «ба табиат кумак расон»; «эҳтиёткор ва ғамхори мариз бош».
«Одоби духтур» ва «Савганди духтур» барин асарҳои Б. то ҳол моҳияташонро гум накардаанд. То замони мо тақрибан 70 асари духтурони Юнони Қадим бо номи «Маҷмӯаи Буқрот» маълум аст. Ин маҷмӯа с. 1525 ба лотинӣ с. 1526 дар Венетсия ба юнонӣ ва с.-ҳои 1936 – 44 ба русӣ дар 3 ҷилд чоп шудааст. Асарҳои Б. дар Осиёи Марказӣ ва Эрон дар давраи Сосониён ба форсӣ ва баъди забти арабҳо ба арабӣ дастрас шуда буданд. Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ, Ибни Сино ва диг. баъзе камбудиҳои (мас. нағзакро аз сурхак, асабро аз рагу пай фарқ карда натавонистан ва ғ.) асарҳои Б.-ро танқид намуда, оид ба он масъалаҳо дастуруламал ва асарҳои дақиқ навиштанд. Ба ин нигоҳ накарда, осор ва назарияҳои тиббии Б. дар равнақи тибби ҷаҳонӣ роли калон бозидааст ва аз ин рӯ, номаш чун падари ҳакимон ба забон гирифта мешавад.

Ю. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …