Главная / Илм / БУЛУТ

БУЛУТ

bulutБУЛУТ (Quercus), дарахтест худрӯй ва боғӣ. Б. дарахти қадбаланд (35 – 40 м) аст; қутраш 1 – 1,5 м; 500 (баъзе намудҳояш то 2000) сол умр мебинад. Танааш рост, баъди 30 – 35 сол бо пӯстлохи хокистарранги тира пӯшида мешавад. Баргаш пармонанд, гулаш майдаи ҷудоҷинса; баробари кушода шудани баргҳо мешукуфад. Б. баъди 15 – 60 сол бор меорад. Мевааш яктухма, қаҳваранги кушод. Б. дарахти рӯшноидӯст буда, дар сурати ба шоху навдаҳои болоиаш расидани офтоб хуб нумӯъ меёбад. Дар ҳар гуна хок рӯида, ба беобӣ тобовар аст.
Пӯстлохи Б. дар тиб истифода мешавад. Ҷӯшоби пӯстлохи хушки Q. robur ба илтиҳоби даҳону ҳалқ (гингивит, стоматит, ангина) ва сӯхтагӣ шифо мебахшад. Табибони халқӣ бо пӯстлохи Б. пучаки гардан ва хуншории захмро табобат мекунанд; ҷӯшоби он барои дармони захм ва хунравии меъда, ҳайзи бардавом, дарунравӣ, рахит, чакмезакӣ ва ғ. нафъ дорад. Пӯстлохи Б.-ро дар об тар карда, пойҳоро мешӯянд (арақи поро нест мекунад). Тухми Б.-ро кӯфта ҳангоми бемории шошадон ва исҳол кор мефармоянд. Агар самари Б.-ро бихӯранд, исҳолро мебандад, хунравиро бозмедорад, барои беҷо шудани дил даво мебошад, беихтиёр равон гаштани пешоб, чакмезак ва сӯзиши пешобро дафъ мекунад. Агар онро сӯхта, кӯфта, гузошта банданд, ё маҳин соида бипошанд, пухтани даҳон ва решҳои давандаро бартараф месозад. Барги Б.-ро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳати навро ба ҳам меоварад. Хокистари чӯби онро бимоланд, дандонро пок ва сафед мегардонад, агар ба решҳои хӯранда гузошта банданд, шифо мебахшад. Аз чалғӯзаҳои Б. қаҳваи сунъӣ мегиранд, ки давои хуби амрози роҳи меъдаю рӯдаҳо, рахит, камхунӣ ва заъфармаи кӯдакон аст. Он барои беморони асаб низ нафъ дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …