Главная / Илм / БАХМИР

БАХМИР

rodnikБАХМИР, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Тақр. 14 км ҷанубтар аз деҳаи Қизилработ дар баландии 4060 м аз с. б. воқеъ аст. Оби чашма аз 10 ҷой мебарояд. Ҳарор. оби чашмаҳои гарм +380С, дебиташон 0,4 л/сон. аст. Таркиби химиявии оби онҳо аз натрий (829 мг/л), калсий (96,0 мг/л), калий (49,0 мг/л), магний (20,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (2349 мг/л), кислотаҳои силикат (3,0 мг/л), метаборат (33,0 мг/л), ҳамчунин литий, радон (1,5 нКи/л), рубидий мис, никел, фтор, маргимуш иборат аст. Миқдори гази карбонат 95,6% ва нитроген 4,4%-ро ташкил медиҳад. Минералнокии умумиашон – 3,9 г/л. Оби чашмаро метавон чун обзан (ванна) ва барои ошомидан истифода бурд. Аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ба обҳои маъдании Боржоми (Гурҷистон) наздик аст. Барои табобати амрози узвҳои ҳозима ва мубодилаи моддаҳо нафъ дорад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …