Главная / Илм / БАРТОЛИНИТ

БАРТОЛИНИТ

bartolinitБАРТОЛИНИТ (Bartholinitis), газаки ғадудҳои калони вурудгоҳи маҳбал (ба ном ғадудҳои Бартолинӣ). Ба даҳанаи нойи ғадудҳо даромадани микробҳои беморизо (гонококкҳо, стрептоккокҳо, стафилоккокҳо ва ғ.) боиси Б. мегардад. Ҳангоми Б.-и гоноккокӣ (сӯзокӣ) даҳанаи нойи ғадуд аз ҳар ду тараф газак мегирад. Дар аввал Б. беморро одатан ташвиш намедиҳад: андак сахт шудани вурудгоҳи маҳбал дарди сабук пайдо карда, баъзан тарафи рост ё чапи қадкашак хала мезанад. Вале агар бемориро муолиҷа накунанд, варам калон шуда, нойи ғадудро мебандад. Дар натиҷа усораи фасоднок дар ной ҷамъ мешавад ва боиси думбал (маддахона) мегардад.
Ҳангоми баста шудани ной ва ҷамъ гаштани фасод ғадудҳои бартолинӣ сахт дард карда, баъзан то ба андозаи тухми мурғ калон мешаванд: бемор таб бароварда бистарӣ мегардад. Агар маддахона худ аз худ кафад, дард нест ва ҳарорати бадан мӯътадил хоҳад шуд. Аммо баъд аз чанд вақт беморӣ аз дигар хурӯҷ карда, носур ҳосил мешавад. Бинобар ин дар аснои ҳатто андаке сахт шудани вурудгоҳи маҳбал бояд ба духтур муроҷиат кард. Сари вақт табобат кардани Б. инкишофи минбаъдаи беморӣ ва оризаҳои онро пешгирӣ менамояд.
Муолиҷаи Б.-ро духтур таъин мекунад. Дар мавриди Б.-и шадид аз шамъчаҳои дардбар, антибиотикҳо, хунукӣ (дар мавзеи ғадудҳо) истифода мебаранд. Ҳангоми бад шудани вазъи мариз ӯро ҳатман дар беморхона хобондан лозим.
Бо мақсади пешгирии Б. риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, роҳ надодан ба алоқаи ҷинсии тасодуфӣ, сари вақт табобат кардани вулвит, колпит, уретрит аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …