Главная / Илм / БАРОТЕРАПИЯ

БАРОТЕРАПИЯ

baroterapiyaБАРОТЕРАПИЯ (Barotherapia; аз юн. baros – вазнинӣ, гаронӣ ва терапия), бо мақсади муолиҷа истифода бурдани фишори баланд ё пасти атмосфера. Барои Б. таҷҳизоти махсус – барокамераҳои ҳавоногузар истифода мегарданд. Онҳо тавассути насос ҳаво, оксиген ва ғ.-ро ба дарун мекашанд ё берун мебароранд. Барокамераҳо ҳаҷму андозаи гуногун дошта, барои фишори баланд ё паст пешбинӣ шудаанд.
Бо мақсади Б.-и умумӣ ба барокамера як ё чанд нафар беморро ҷойгир карда, дар он фишори паст ё баланди оксиген, ҳаво ё диг. омехтаи гази оксигендорро ба вуҷуд меоранд. Б.-и умумӣ бо фишори баланди ҳаво асосан барои муолиҷаи иллати кессонии ғаввосон истифода мешавад. Б.-и умумӣ бо фишори пасти ҳаво барои муолиҷаи сулфакабутак, зиқи нафас ва диг. амрозе, ки бо душвории нафаскашӣ вобастаанд, тавсия шудааст.
Барои табобати бемории гипертония (дар ибтидои касалӣ), камхунии дил ва баъзе бемориҳои аъзои ҳозима Б.-и умумиро дар биатрон (иншооти махсусе, ки дар он фишори атмосферӣ, ҳарорат, рутубати ҳаво, миқдори оксиген ба таври автоматӣ танзим мешавад) мегузаронанд. Беморонро дар биатрон ба муддати дароз (то 14 – 20 рӯз) ҷойгир мекунанд. Ба онҳо равон кардани хӯрок ва робита бо муҳит тавассути шлюз ва дастгоҳи гуфтугӯ амалӣ мегардад.
Яке аз шаклҳои Б.-и умумӣ оксигеншифоӣ зери таъсири фишори баланд аст. Дар мавриди баъзе бемориҳо ҳангоми фишори муқаррарии атмосфера оксигенро нафас гирифтани мариз норасоии онро дар организм бартараф намесозад. Зеро таҳти фишори атмосферӣ оксиген дар плазмаи хун нағз ҳал намешавад ва гемоглобин (ноқили оксиген) аз ӯҳдаи пайвастани он чандон намебарояд.
Дар аснои баланд будани фишори оксиген (2 – 3 атм) таъсири ҷузъии он дар шуш меафзояд. Дар натиҷа мувофиқи қонуни Генри оксиген дар плазмаи хун нағз ҳал шуда, бофтаҳои организмро пурра таъмин мекунад. Чунин усули Б.-и умумӣ «оксигеннокшавии гипербарӣ» ном гирифтааст. С. 1975 дар Москва дар Маркази илмии ҷарроҳӣ таҳти роҳбарии акад. Б.В. Петровский маҷмаи барокамераҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд, ки дар асоси онҳо Маркази оксигеннокшавии гипербарӣ ташкил ёфт. Дар марказ се блоки барокамераҳо (ҷарроҳӣ, муоилҷавӣ ва тадқиқотӣ) амал мекунанд.
Дар блоки ҷарроҳӣ зери фишори 2 – 3 атм ҷарроҳиҳои хеле хатарнок (мас., ҷарроҳии нуқси модарзод ва ғайримодарзоди дил), ҳамчунин сабук (ҳангоми бемории вазнини одамони камқуввати солхӯрда) – ро мегузаронанд, ба занҳои ҳомила, ки гирифтори нуқси диланд, ёрӣ мерасонанд. Дар блоки муолиҷавии барокамера беморони гирифтори иллатҳои гуногуни музмин – эндартериити мусаддид, камхунии дил, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, камхунии шабакаи чашм ва ғ. зеро фишори баланди оксиген табобат меёбанд. Дар камераи тадқиқотӣ муолиҷа ва реаниматсияи ашхосе, ки ба бемории дилу рагҳо, иллати нафаскашӣ, норасоии оксиген дар майна ва ғ. гирифторанд, гузаронида мешавад. Барои табобати суддаи ҳавоӣ, ки баъзан ҳангоми ҷарроҳӣ дар майна пайдо мешавад, истифода бурдани фишори баланд (6 – 7 атм) натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
Самараи оксигеннокшавии гипербарӣ дар мавриди табобати сирояти анаэробӣ низ назаррас аст. Зеро аз оксиген пурра таъмин шудани бофтаҳо ба ангезаҳои сирояти анаэробӣ (мас., гангрена) таъсири ҳалокатбор мерасонад (онҳо дар шароити бе оксиген меафзоянд). Чунин тарзи муолиҷа имкон медиҳад, ки фавт аз сирояти анаэробӣ кам гашта, дар баъзе мавридҳо дасту пои иллатёфта бурида нашаванд.
Лозим ё нолозим будани Б.-ро фақат духтур муайян мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …