Главная / Илм / БАЧАДОН

БАЧАДОН

bachadonБАЧАДОН (Uterus, metra), заҳдон, раҳим, қисми махсуси аъзои таносул. Дар ҷавфи коси хурд, дар байни пешобдон ва рӯдаи рост ҷойгир шудааст. Вазни Б.-и занҳои назоида 49 – 59 г, занҳои серфарзанд 90 – 100 г аст. Қисми зиёди Б.-ро танаи он ташкил мекунад, ки ҷониби болоро қаър ва поёнашро гарданаи Б. меноманд. Қаъри Б. васеъ буда, ба пеш хам шудааст. Б. андарун сатҳи секунҷае дорад, ки болояш тавассути ду сӯрох бо найчаҳои Б. (найчаҳои Фаллопий) алоқаманд аст. Гарданаи Б. ба маҳбал боз мешавад. Девораи Б. се парда дорад: пардаи берунӣ (периметрия), пардаи миёна (миометрия; ғафстарин парда, ки аз се қабат мушаки суфта иборат аст), пардаи дохилӣ (эндометрия), ки дорои ғадудҳои сершумор буда, дар натиҷаи ҳайзбинӣ тағйир меёбад (онро луобпарда низ меноманд).
Вазифаи Б. бача овардан буда, он чаҳор унсури асосиро дар бар мегирад: омодагӣ ба қабул ва имплантатсияи ҳуҷайратухми бордор: фароҳам овардани шароити мувофиқ барои сабзишу инкишофи он баъди имплантатсия; муҳофизати ҷанин; тавлиди кӯдак ва диг. унсурҳои ҳамл баъди ба охир расидани мӯҳлати физиологии ҳомилагӣ. Рух намудани тағйирот дар луобпардаи Б. шарти зарурии омодагии он баҳри қабул ва инкишофи ҳуҷайратухми бордор мебошад (ниг. Давраи ҳайз). Агар ҳуҷайратухми болиғ бордор нагардад, дар он сурат қабати луобпарда (эндометрия) кӯчида меафтад ва ин ҳолат муҷиби хуншорӣ аз роҳи таносул мешавад. Дар сурати бордор шудан, ҳуҷайратухм аз найи Б. гузашта дар ҷавфи он ҷой мегирад ва дар муҳити барои худ созгор инкишоф меёбад (ниг. Ҳомилагӣ).
Ҳангоми ҳомилагӣ луобпардаи Б. ғафс ва «сершира» шуда, кӯчида меистад. Ҳуҷайраҳои қабати кӯчида ба миқдори зиёд гликоген доранд ва дар давраҳои аввали ҳамл ҷанинро ба ғизо таъмин мекунанд. Пардаи кӯчанда дар ташаккули ҳамроҳак, ки баъди ҳафтаи 12-уми ҳомилагӣ оғоз меёбад, ширкат меварзад.
Б. ҳамчун узви дорои мушакҳои пурқувват ҳамеша дар ҳолати тонус қарор дорад. Тонуси Б. хусусан дар охири ҳомилагӣ зиёд мешавад.
Тадқиқи Б. яке аз қисматҳои асосии муоинаи акушерӣ ва гинекологӣ маҳсуб меёбад. Дар мавриди ғундоштани анамнез ба маълумоти марбут ба ҳайз ва таваллуд эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Гарданаи Б.-ро бо оинаҳои махсус мебинанд, дар мавриди зарурат аз луобпарда намунаҳо гирифта месанҷанд, биопсия, колпоскопия, гистероскопия, кулдоскопия мегузаронанд. Бузургӣ, ҷойгирӣ, намуд, нуқси инкишоф, омосҳо, ҷисмҳои бегона ва конкрементҳои Б. бо роҳи рентгеноскопия муайян карда мешаванд. Барои ташхиси тафриқии омосҳои Б. аз усули ултрасадо истифода менамоянд.
Нуқси анатомии Б. гуногун аст. Тамоман набудани Б.-ро, ки баъди ба балоғати ҷинсӣ расидан ошкор карда мешавад (бинобар наомадани ҳайз), агенезия ё аплазия меноманд. Гоҳо Б. метавонад ҷуфт бошад. Дар яке аз онҳо, ки мумкин ба маҳбал роҳ надорад, хуни ҳайз ҷамъ мешавад (гематометра). Дар ин гуна мавридҳо зери шикам дард мекунад. Б. душоха ҳам шуда метавонад. Б.-и душоха аз як ё ду гардана иборат аст.
Нодуруст ҷойгир шудани Б.-ро ҳангоми муоинаи гинекологӣ ошкор месозанд. Гоҳо Б. мефурояд (ниг. Фуромадани бачадон) ё бар асари баъзе омосҳо чапагардон (дарун берун) мешавад. Зарбу лат ёфтани Б. дар натиҷаи ба шикам афтодани зани ҳомила, бори вазнин бардоштан ва ғ. рух менамояд. Даридани танаи Б. низ мумкин аст (бештар ҳангоми таваллуди вазнин ба вуқӯъ мепайвандад). Бемориҳои Б.: аднексит, эндомиометрит, эндометриоз, эрозияи гарданаи Б., сил, сифилис, актиномикоз, миома, аденома, папилома, саратон, саркома, хореонэпителиома ва ғ.
КЛ
Узвҳои таносули дарунии занҳо (тухмдони рост, найчаи рости бачадон, бачадон в маҳбал кушода, сифоқ қисман дур карда шудааст): 1 – қаъри бачадон; 2 – бандаки тухмдони чап; 3 – шохаи тухмдонии артерияи бачадон; 4 – найи бачадон (тухмрон); 5 – шохчаи найчавии артерияи бачадон; 6 – бофтаи тухмдон; 7 – тухмдон; 8 – бандаки тухмдон; 9 – артерия ва венаҳои тухмдон; 10 – бандаки паҳни бачадон; 11 – канори озоди тухмдон; 12 – стромаи тухмдон; 13 – канори сифоқии тухмдон; 14 – интиҳои найчаи тухмдон; 15 – ҷӯякчаҳои кӯндаланг; 16 – сифоқи найчаи бачадон; 17 – интиҳои тухмдон; 18 – бофти бачадону маҳбал; 19 – артерия ва венаҳои бачадон; 20 – маҳбал; 21 – қисми маҳбалии гарданаи бачадон.
М.Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …