БАРШОР, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳ. Ишкошим. Дар соҳ. рости д. Панҷ, 71 км ҷанубтари ш. Хоруғ, дар баландии 2280 м аз с. б. воқеъ аст. Дебиташ 0,8 л/сон., ҳарор. обаш +10 – +150С. Дар таркиби оби чашма натрий (349 мг/л), калсий (308 мг/л), магний (77,0 мг/л), оҳан (10,0 мг/л), хлоридҳо (354 мг/л), сулфатҳо (200,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (13,9 мг/л), ангидриди озоди карбон (1013 мг/л), кислотаи силикат (109 мг/л), ҳамчунин титан, мис, никел, бор, фтор, руҳ, маргимуш ва молибден мавҷуданд. Дар 1 л об 2,6 г намакҳои минералӣ дида мешавад. Аз рӯи таркиби химиявӣ ба оби чашмаҳои минералии Ессентуки 17 ва 4 (Гурҷистон), ҳамчунин Налчик (вил. Камчаткаи ФР) наздик аст. Онро метавон барои қабули обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. Аз Б. оби маъдании «Бадахшон» истеҳсол мекунанд, ки барои табобати амрози меъда (невроз бо ихтилоли фаъолияти тарашӯҳ ва таҳрикии меъда), захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, оризаҳои ҷарроҳии меъда (баъди 2 – 3 моҳи ҷарроҳӣ), рӯдаҳо (энтерити музмин, энтероколит, проктосигмоидит), ҷигар ва талхадон (гепатити музмин, холесистит ва холангит), амрози мубодилаи моддаҳо (диабети қанд, фарбеҳӣ) ва ғ. нафъ дорад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …