Главная / Илм / БАРФАК

БАРФАК

barfakБАРФАК (Stomatomycosis), навъе аз бемориҳои занбӯруғӣ. Дар луобпардаи даҳон падид меояд. Ангезандаи Б. занбӯруғҳои ҷинси Candida мебошанд. Асосан дар кӯдакони ширмак ва одамони солхӯрда, хусусан дар онҳое, ки бинобар гирифторӣ ба бемориҳои музмин заиф гаштаанд, ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми беморӣ аввал луобпардаи даҳон сурх ва хушк шуда, баъд дар ком, забон ва лунҷ ҳалолати канда-кандаи сафедча пайдо мешавад. Дар мавриди ба ҳамдигар пайвастани онҳо пардаи ҷурғотмонанд ташаккул меёбад. Парда минбаъд бидуни душворӣ беҷо шуда, дар зери он яраҳои «хушк» намудор мегарданд. Б.-ро бо доруҳои зидди бемориҳои занбӯруғӣ табобат мекунанд. Ниг. низ Кандидоз.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …