БАХТИЁР, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Дар хамии Сасиқкӯл, 200 км шарқтар аз ш. Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 4010 м. Оби чашма аз 2 ҷой мебарояд. Дебиташ 1,33 л/сон., минералнокиаш 2,71 г/л; ҳарор. обаш +8 – +100С. Таркибаш аз натрий (374 мг/л), калсий (130 мг/л), магний (30,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (1457 мг/л), хлоридҳо (42,0 мг/л), сулфатҳо (13,0 мг/л), ангидриди озоди карбон (584 мг/л), кислотаҳои силикат (59,0 мг/л), метаборат (11,0 мг/л), радон (6,3 нКи/л) иборат аст. Он барои муолиҷаи илтиҳоби музмини меъда, дарди рӯдаи ғафс (колит), пешоброҳа, диабет, роҳҳои нафас нафъ дорад. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба обҳои маъдании Дилиҷон (Арманистон) ва Аспинадзе (Гурҷистон) наздик мебошад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад
Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …