Главная / Илм / БАҲОВАДДИНОВ Бурҳониддин

БАҲОВАДДИНОВ Бурҳониддин

imagesБАҲОВАДДИНОВ Бурҳониддин (тав. 04. 08. 1953, шаҳраки Ашти ноҳияи Ашти вил. Суғд), духтури хуншинос, доктори илмҳои тиб (2000), проф. (2001), Аълочии тандурустии ИҶШС. Хатмкардаи ДДТТ (1976). Фелдшер ва духтури Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии ш. Душанбе (1976 – 78), ҷарроҳ, духтури анестезиолог ва реаниматолог (1978 – 80), мудири шӯъбаи Беморхонаи марказии ноҳ. Куйбишев (1980 – 83). Сардухтури Бунгоҳи хунгузаронии вил. Қӯрғонтеппа (ҳоло Хатлон; 1983 – 90), ҷонишини якуми сардори Раёсати тандурустии Комиҷроияи вил. Қӯрғонтеппа (1990 – 92), сармутахассис (ҷарроҳ)-и Саридораи ташкили ёрии тиббӣ ба аҳолии Вазорати тандурустии ҶТ (1992 – 96). Аз с. 1996 директори Маркази илмии ҷумҳуриявии хун (МИҶХ).
Дар мавзӯи «Такмили фаъолияти муассисаҳои хадамоти хун дар шароити нави иҷтимоию иқтисодӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 189 мақолаю тезисҳои илмӣ, 2 монография оид ба масъалаҳои ташкили хадамоти хун, таъмини бехатарии сироят ва иммунологии хунгузаронӣ, беҳтар намудани сифати маводи хун, такомули барномаи муолиҷаи трансфузиологии беморони гуногун мебошад. Узви Ҷамъияти байналхалқии хунгузаронӣ, Ассотсиатсияи гематологҳо ва трансфузиологҳои ФР, Шӯрои ҳамоҳангсозии ИДМ оид ба хадамоти хун, Ассотсиатсияи роҳбарони хадамоти хуни мамолики узви ЭКО аст. Бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст (2003).
Ос.: Состояние, задачи и перспективы службы крови страны. «Информационно-аналитический бюллетень», Д, 2000, №2; Геморрагический синдром и его осложнения у родильниц с гестозами, Д., 2001; Состояние и перспективы развития службы крови Таджикистана. Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикистана», Д., 2007, №1; Состояние и перспективы развития донорства в Таджикистане. Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикистана», Д., 2008, №2; О концепции вирусной безопасности гемотрансфузий. Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикистана», Д., 2008, №2; Диагностика и терапия ДВС-синдрома. Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикистана», Д., 2008, №2.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …