БОБОХОҶАЕВ ӯктам Икромович (тав. 30. 06. 1960, ш. Душанбе), доктори илми тиб (1997). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1983). Интерн (1983 – 84), духтури бемориҳои даруни Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №3-и ш. Душанбе (1984 – 86), ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии таълими дармонгоҳии ДДТТ (1986 – 87), таҳсил дар аспирантура (1987 – 91), …
Муфассал »Архивы за день : 19.12.2017
БОБУНА
БОБУНА (Matricaria suaveolens), бобунаҷ, бобунаи бӯё, гули бобуна, навъе аз гиёҳҳои яксола. Аз 15 то 35 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги пармонанд, хӯшагули сипаршакл, гули сабзи зардтоб дорад. Давраи гулшукуфташ май – июн. Дар канори роҳу ҷӯйборҳо мерӯяд. Б. растании маъмули доруист. Бино ба ақидаи Абӯалии Сино бобунаҷ …
Муфассал »БОДИНҶОН
БОДИНҶОН (Solanum melogena), боимҷон зироатест бисёрсола. Пояаш рост, сершох, то 1 м қад мекашад. Баргу гулаш бунафш; мевааш дарозрӯя, нокмонанд, сафед, сабз, бунафш. Б.-ро дар саноати консерв барои тайёр кардани икра, инчунин пухта ё хушконда истифода мебаранд. Дар таркиби он моддаҳои хушк, қанд, сафеда, равған, витаминҳои С, В1,В2, В6, каротин …
Муфассал »БОДИРИНГ
БОДИРИНГ (Cucumis sativus), растаниест яксолаи полизӣ. Дарозии палакаш 1,5 – 2 м. Баргаш дандонадор, гулаш қифшакл. Мевааш дарозу борик, сабз; ҳангоми пурра пухта расидан, зарди тӯрдор мешавад. Б.-ро барои тархӯрӣ ва очоронидан, инчунин дар хӯришҳо истифода мебаранд. Таркиби Б. аз сафеда, қанд, клетчатка, оҳар, кислотаҳои органикӣ, витаминҳои В, С, РР, …
Муфассал »БОДОВАРД
БОДОВАРД (Silybum marianum), бодрӯз, хори каррок, кукухор, гиёҳест як ё дусола. Пояаш рост, одатан бешоха, то 150 см қад мекашад. Баргаш калони хордор, рахҳои сафед дорад. Хӯшагулаш «сабадак»-и калон, дар нӯги поя ҷой гирифтааст. Гулаш майда, найчашакли арғувонӣ. Одатан, моҳҳои май – июн гул карда, авг. – сент. тухм мебандад. …
Муфассал »БОДОМ
БОДОМ (Amygdalus), лавз, бутта ё дарахтест маъмул. То 10 м қад мекашад. Барги нештаршакли дандонадор, гули сафед, гулобӣ ё арғувонӣ, меваи талх ё ширин дорад. Аз мағзи Б. ҳалво, торт ва маснуоти гуногуни қаннодӣ тайёр мекунанд, равғанашро дар атриёт ва дорусозӣ истифода мебаранд. Дар тибби қадим мағз, шилм, равған, инчунин …
Муфассал »БОДОМАК
БОДОМАК (Tonsilla pharyngea), гландаҳо (Glandula amugdalea), бофтаҳои лимфоидии ҳалқум, ки баҳри муҳофизати организм муҳиманд. Б.-еро, ки байни камончаи ком ҷойгир шудааст, Б.-и ком меноманд. Онро (аз тарафи рост ва чапи забончаи хурд ҷойгир аст) дар мавриди васеъ кушодани даҳон метавон дид. Б. дарозрӯя буда, ранги гулобӣ дорад. Сатҳи Б. бо …
Муфассал »БОДХӯРДА
БОДХӯРДА (Lupus erythematodes), бемории музмини илтиҳобии бофтаю рагҳо. Бештар занҳои синни таваллуд бемор мешаванд. Сабаби Б. маълум нест. Тахмин мекунанд, ки он дар натиҷаи сирояти ниҳонии вирусҳо, ихтилоли ғадудҳои усораи дохилӣ ва тамоюли ирсӣ доштани одам ба вуҷуд меояд. Баъзе доруҳо (мас., гидралазин, изониазид ва ғ.) низ метавонанд муҷиби бемориҳои …
Муфассал »БОЗДАРА
БОЗДАРА, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Тақр. 15 км дуртар аз резишгоҳи д. Боздара дар баландии 3920 м аз с. б. воқеъ аст. Оби чашма аз 4 ҷой мебарояд. Дебиташ – 1,5 л/сон., минералнокиаш – 2,24 г/л; ҳарор. обаш +18,5 – +210С. Таркиби оби чашма аз натрий (1510 мг/л), калсий …
Муфассал »БОЗДОРӣ
БОЗДОРӣ (Inhibitio, suppressio), тасаккун, фаъолияти асаб, ки ҳаяҷонро суст ё пешгирӣ мекунад. Б.-ро с. 1862 физиологи рус И. М. Сеченов кашф намудааст. Вобаста ба ҷои пайдоиш Б. ду хел мешавад – канорӣ (дар мушакҳо ё унсурҳои ғадуддор) ва марказӣ (дар доираи системаи марказии асаб). Б. ба тавассути моддаҳои махсуси химиявӣ, …
Муфассал »