Главная / Илм / БОДОМАК

БОДОМАК

bodomakБОДОМАК (Tonsilla pharyngea), гландаҳо (Glandula amugdalea), бофтаҳои лимфоидии ҳалқум, ки баҳри муҳофизати организм муҳиманд. Б.-еро, ки байни камончаи ком ҷойгир шудааст, Б.-и ком меноманд. Онро (аз тарафи рост ва чапи забончаи хурд ҷойгир аст) дар мавриди васеъ кушодани даҳон метавон дид.
Б. дарозрӯя буда, ранги гулобӣ дорад. Сатҳи Б. бо сӯрохиҳои зиёд фаро гирифта шудааст, ки бо ҳуфра (лакуна)-ҳо алоқаманд мебошанд. Дар ҳуфраҳо микробҳо ҷамъ мешаванд; ҳангоми илтиҳоб дар ин ҷо аз зарраҳои хӯрок, ҳуҷайраҳои кӯчидаи луобпарда ва лейкоситҳо як навъ монеа ба вуҷуд меояд (ниг. Ангина).
Одам ғайр аз Б.-и ком, инчунин Б.-и забон (дар бехи забон), Б.-и ҳалқум ва Б.-и найчавӣ (дар ҳалқум) дорад. Б.-ҳо дар якҷоягӣ бо халтачаи лимфавии ҳанҷара вазифаи дифоъ аз сироятро иҷро мекунанд. Дар мавриди илтиҳоби музмине, ки асосан дар Б.-и ком рух менамояд (ниг. Тонзиллит), фаъолияти монеавии бодомакҳо халалдор шуда, худ ба манбаи микробҳои римофар ва барои организм хатарнок табдил меёбанд. Дар ин сурат бояд ҳатман аз паи табобат шуд, масъалаи зарур будан ё набудани ҷарроҳиро духтур ҳал мекунад.
Барои муайян намудани ҳолати Б.-ҳо андоза чандон аҳамият надорад. Баъзан Б.-ҳои хурд ба миқдори зиёд риму фасод дошта, ба организм зарар мерасонанд, ҳол он ки Б.-и калон ҳамеша аломати иллатнок будани он нест. Якбора калон шудани Б. ба нафас кашидан ва фурӯ бурдани луқма халал мерасонад. Дар ин ҳолат қисми намоёни Б.-ро, ки андаруни гулӯ ҷой гирифтааст, бурида мепартоянд.
Б.-ро бо роҳи риноскопия ва фарингоскопия тадқиқ мекунанд. Нуқси инкишофи Б., одатан, муолиҷаро тақозо надорад. Осеби Б. бисёр вақт бо осеби ҳанҷара ҳамроҳ мегардад. Ҷисмҳои бегона, хусусан сӯки моҳӣ, ба Б. халида онро дардманд месозанд (онҳоро бо асбобҳои махсус берун меоранд).
Дар одамони гирифтори бемории сил баъзан Б.-ҳо низ осеб меёбанд. Сили Б. мумкин аст чун тонзиллити муқаррарӣ ҷараён гирад. Б.-ҳо аз бемории сифилис низ иллат пайдо мекунанд. Папиллома, фиброма, ангиома ва ғ. омосҳои ғайрисаратонии Б. маҳсуб мешаванд. Дар Б.-ҳо имкон дорад, ки саратон ва саркома низ падид оянд.
Ад.: Абдураҳмонов Ф., Анатомияи одам, ҷ. 1 – 2, Д., 1995, 1998; Анатомия человека, М., 2001.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …