Главная / Илм / БОЗДОРӣ

БОЗДОРӣ

vozderjaniyeБОЗДОРӣ (Inhibitio, suppressio), тасаккун, фаъолияти асаб, ки ҳаяҷонро суст ё пешгирӣ мекунад. Б.-ро с. 1862 физиологи рус И. М. Сеченов кашф намудааст. Вобаста ба ҷои пайдоиш Б. ду хел мешавад – канорӣ (дар мушакҳо ё унсурҳои ғадуддор) ва марказӣ (дар доираи системаи марказии асаб). Б. ба тавассути моддаҳои махсуси химиявӣ, ки нӯги торҳои асаб ҷудо мекунад, ба вуҷуд меояд (онҳоро нӯги торҳои асаб ҷудо мекунад). Медиаторҳо бо молекулаҳои мембранаҳои ҳуҷайраи асаб таъсир намуда, ҳадди ҳаяҷонпазирии онҳоро паст ё ҳаяҷони бархестаро «хомӯш» месозанд.
Механизми Б. ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст, вале аҳамияти он дар танзими функсияҳои гуногуни физиологии органзим маълум мебошад. Мас., Б.-и афферентӣ ҳаяҷони унсурҳоеро, ки акси якдигар фаъолият доранд, суст мекунад ва боиси амали мутобиқи онҳо мегардад. Аз ҷумла ҳаяҷоне, ки дар унсурҳои асаб пайдо мешавад, фақат мушакҳоро таҳрик намуда, боиси Б.-и мушакҳои ба ҳам зид (мас, мушакҳои қаткунанда ва росткунандаи буғумҳо) мешавад. Б.-и бозгарданда, ки тавассути торҳои бозгардандаи асаби нейронҳои эфферентӣ ва ориятӣ ба вуҷуд меояд, барои устувор намудани дараҷаи ҳаяҷони ин ё он гурӯҳи нейронҳо мусоидат мекунад. Б. ба мисли ҳаяҷон метавонад дар асоси рефлексҳои шартӣ низ пайдо шавад (ниг. Фаъолияти олии асаб). Физиологи рус И.П. Павлов фаъолияти рефлексҳои шартиро омӯхта, ду навъи Б. – берунӣ (ғайришартӣ) ва дохилӣ (шартӣ)-ро ҷудо кард. Павлов Б.-и муҳофизатиро, ки системаи асабро аз ангезиши барзиёд ё хастагӣ муҳофизат мекунад, шакли асосии боздорӣ гумон мекард. Фаъолияти муҳофизатию мутобиқгардонии Б. барои тиб аҳамияти калон дошта, ба шарофати он комёбиҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, татбиқи доруҳои хобовар ва таскинбахш ҳангоми муолиҷаи шоки садамавӣ ва баъзе намудҳои невроз ҳалли хешро пайдо кард.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …