Главная / Илм / БОДИНҶОН

БОДИНҶОН

boimjonБОДИНҶОН (Solanum melogena), боимҷон зироатест бисёрсола. Пояаш рост, сершох, то 1 м қад мекашад. Баргу гулаш бунафш; мевааш дарозрӯя, нокмонанд, сафед, сабз, бунафш. Б.-ро дар саноати консерв барои тайёр кардани икра, инчунин пухта ё хушконда истифода мебаранд. Дар таркиби он моддаҳои хушк, қанд, сафеда, равған, витаминҳои С, В1,В2, В6, каротин (провитамини А), микроэлементҳо (калсий, калий, магний, фосфор, оҳан ва ғ.) мавҷуданд.
Б. холестерини хунро кам карда, бемориҳои ҷигар, некрози рагҳоро пешгирӣ менамояд. Бинобар ин онро чун ғизои парҳезӣ барои муолиҷаи атеросклероз ва дарди санги гурдаву масона тавсия медиҳанд. Б. кори дилро тақвият мебахшад, пешобро меронад. Барои бемориҳои силсилаи дилу рагҳо, дил, гурда, ҷигар, ниқрис ва камхунӣ муфид аст.
Агар Б.-ро бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад; агар онро бо равған бихӯранд, дардро мулоим месозад ва агар бо сирко бихӯранд, дарунро мебандад, пешобро меронад, дардҳоеро, ки сабабашон зиёд гаштани гармӣ бошад, таскин медиҳад, бадбӯии каши рон ва зери бағалро рафъ менамояд. Чун Б.-ро сӯхта, хокистарашро бо сирко хамир карда, ба озахҳо бимоланд, онҳоро хушк карда мерезонад.
Духтурони парҳезшинос таомҳои аз Б. таҳияшударо ба ашхоси гирифтори бемориҳои ҷигар ва гурда тавсия медиҳанд. Мис ва оҳани таркиби Б. ба ҳосил шудани хун мусоидат менамояд, бинобар ин истеъмоли он барои кӯдакони камхун ва занҳои ҳомила муфид аст. Шираи меваи хом ё пухтаи он хосияти бактерисидӣ (фитонсидӣ) дорад. Истеъмоли бардавоми Б. барои пешгирӣ ва муолиҷаи атеросклероз нофеъ аст. Ин гуна хусусияти пурбаҳои Б. бо роҳи тадқиқоти лабораторӣ собит карда шудааст. Истифодаи Б. хоса барои пиронсолон муфид мебошад (варами бинобар нуқси дил ба вуҷуд омадаро мегардонад). Б.-ро барои муолиҷаи ниқрис, полиартритҳо, спондилёзҳо, спондилоартритҳо, бемориҳои санги гурда ва санги талха низ кор мефармоянд. Б. бинобар мангани бисёр доштан, таъсири инсулинро афзун мегардонад; ба миқдори зиёд мавҷуд будани калий бошад ба Б. хосияти пешобронӣ мебахшад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …