Главная / Илм / БОДОМ

БОДОМ

closeup cluster of green almonds growing on branch

БОДОМ (Amygdalus), лавз, бутта ё дарахтест маъмул. То 10 м қад мекашад. Барги нештаршакли дандонадор, гули сафед, гулобӣ ё арғувонӣ, меваи талх ё ширин дорад. Аз мағзи Б. ҳалво, торт ва маснуоти гуногуни қаннодӣ тайёр мекунанд, равғанашро дар атриёт ва дорусозӣ истифода мебаранд. Дар тибби қадим мағз, шилм, равған, инчунин пӯстлохи решаи Б. истифода мешуд. Мағзи Б.-ро ҳамчун воситаи тақвиятбахш, зидди илтиҳоб, баҳамоварандаи захм, нармсозанда, пардоз ва чун подзаҳр тавсия медоданд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино ҳама навъҳои Б. танро тоза, қабзияти ҷигар, сипурз ва гурдаро рафъ мекунад. Равғани бо бобуна омехтаи он санги масонаро меафтонад. Мағзи талхакбодоми омехта бо оҳари гандум дар мавриди хунпартоӣ, сулфаи кӯҳна, зиқи нафас, варами пардаи шуш муфид аст. Талқони мағзи Б. ҳангоми сулфа ва хунпартоӣ нафъ дорад. Талхакбодом доғи кунҷидак, доғҳои кабуд, офтобсӯхтаро барҳам медиҳад. Шилми Б. хусусияти баҳамоварӣ ва гармибахшӣ дорад. Равғани он дар табобати омоси пистони бонувон ва ёзиши банду пайҳо ёрӣ мерасонад, дард ва садо додани гӯшро рафъ менамояд. Бино ба маълумоти Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ Б. узвҳои дарунро тоза, босираро тез, гулӯро нарм мекунад, барои сина, зиқи нафас, варами пардаи шуш, захми меъдаву масона муфид аст, баданро фарбеҳ месозад. Мураббои Б. серғизо буда, баданро фарбеҳ мекунад, барои гурда нофеъ аст.
Дар тибби мардумӣ мағз, равған, барг ва гули Б.-и ширинро ба кор мебаранд. Истеъмоли 0,5 – 2,0 қошуқ равғани Б. барои табобати қабзият, газак, халаи музмин ва бронхит муфид мебошад. Табибони халқӣ бо мағзи Б.-и ширин зардпарвинро муолиҷа менамоянд. Бо ин мақсад онҳо рӯзи якум истеъмоли 5 дона (2 – 3 маротиба) Б.-ро тавсия медиҳанд; рӯзҳои баъдӣ миқдори онро 5 донагӣ афзуда, баъди 4 – 5 рӯз тақр. ба 70 дона мерасонанд. Сипас, миқдори истеъмоли мағзро ба ҳамин тартиб кам карда, ба 15 адад меоранд ва ба табобат хотима мебахшанд. Барои муолиҷаи гӯшдард рӯзе 2 маротиба ба гӯш равғани Б. чакондан лозим. Молидани равғани Б. пӯстро нарм месозад. Аз мағзи кӯфтаи Б. «шири бодом» таҳия мекунанд, ки дар пардозгарӣ истифода мешавад. Марҳами барги тари Б. барои доғи кунҷидак, думбал ва ҷароҳати фасоддори пӯст нофеъ аст.
Б.-ро то бӯяш баромадан тафсонида, баъд мағзи онро ҷудо карда бихӯранд, меъдаро қавӣ мегардонад, исҳолро мебандад, сустии меъдаро дафъ мекунад, маниро зиёда менамояд. Агар 17,5 г мағзи Б.-ро кӯфта, бо асал хамир сохта, лесида бихӯранд, дарди ҷигар ва сурфаро шифо мебахшад. Ғӯраи Б.-ро бо пӯсташ бихӯранд, буни дандонро мустаҳкам мекунад; гули онро истеъмол кунанд, боҳи мардонро ба ҳаракат меоварад. Барги тару тозаи Б.-и ширинро кӯфта бихӯранд, дарунро меронад, кирмҳои меъдаро мерезонад. Агар решаи Б.-и талхро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, сипурз ва гурдаро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад. Мағзи онро кӯфта, бо сирко ё шароб сиришта гузошта банданд, решҳои кӯҳна ва даванда, обилаҳои тар, шукуфаи пӯст, қӯтур, хориш ва аллергияи пӯстро шифо мебахшад.
Дар тибби муосир равғани Б. ба сифати давои рафъи қабзият тавсия дода мешавад. Онро ба таркиби линиментҳо, марҳамҳо, кремҳои гуногун илова месозанд. Ҷавҳари обии мағзи Б. тарашшӯҳи шираи меъдаро кам мекунад, барои муолиҷаи газаку захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта муфид аст. Истеъмоли 10 – 15 чакра оби талхакбодом, ки аз сабӯси он таҳия карда мешавад, асабҳоро ором сохта, халаи шикам ва сулфаи дарднокро рафъ месозад.
Дар таркиби Б.-и талх эмулсин ном ферменти заҳрнок мавҷуд аст. Бинобар ин дар мавриди истифодаи он бояд эҳтиёт шуд. Зери таъсири вояи зиёди кислотаи синил, ки ферменти мазкур ҳосил мекунад, фаъолияти маркази нафасгирӣ қатъ мегардад. Ба таъсири кислотаи синил хусусан кӯдакон ҳассос мебошанд. Мавриди заҳролудӣ то омадани духтур меъдаро бо маҳлули перманганати калий (1:1000) шустан лозим (ба бемор 0,5 – 1,0 л маҳлулро нӯшонда, сипас қай мекунонанд).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …