Главная / Илм / БОБОХОҶАЕВ ӯктам Икромович

БОБОХОҶАЕВ ӯктам Икромович

imagesБОБОХОҶАЕВ ӯктам Икромович (тав. 30. 06. 1960, ш. Душанбе), доктори илми тиб (1997). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1983). Интерн (1983 – 84), духтури бемориҳои даруни Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №3-и ш. Душанбе (1984 – 86), ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии таълими дармонгоҳии ДДТТ (1986 – 87), таҳсил дар аспирантура (1987 – 91), роҳбари Маркази ҷумҳуриявии клиникии иммунология ва аллергология (1991 – 93), ҷонишини сардухтури Маркази миллии ташхиси бемориҳо (1993 – 2000), сардори Раёсати хадамоти тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон (аз с. 2000), ҳамзамон дотсенти кафедраи фтизиатрияи ДДТТ (аз 2007). Б. муаллифи 89 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 2 монография, 3 дастурамали методӣ ва 2 дастурамали таълимӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 1 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ оид ба иммунология ва аллергология (аз 1992), узви Ассотсиатсияи пулмонологҳо ва фтизиатрҳои Осиёи Марказӣ (аз 1996), раиси Ассотсиатсияи физиопулмонологҳои Тоҷикистон (аз 2006).
Ос.: Ташкили хизматрасонии тиббию санитарӣ: комёбиҳо ва норасоиҳо. Дар маҷ.: «Шифо», №1, Д., 2006; Внедрение синдромного метода ведения больных с инфекциями, передаваемыми половым путём. Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикистана», №2, Д., 2006. Перфорация брюшнотифозной язвы подвздошной кишки. Анализ летальных исходов релапаротомии. Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикистана», №4, 2006; Эпидемиологическая ситуация по туберкулёзу, в том числе у детей в г. Душанбе и меры по её улучшению. Дар маҷ.: «Паёми Сино», 2009.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …