БОДХӯРДА (Lupus erythematodes), бемории музмини илтиҳобии бофтаю рагҳо. Бештар занҳои синни таваллуд бемор мешаванд. Сабаби Б. маълум нест. Тахмин мекунанд, ки он дар натиҷаи сирояти ниҳонии вирусҳо, ихтилоли ғадудҳои усораи дохилӣ ва тамоюли ирсӣ доштани одам ба вуҷуд меояд. Баъзе доруҳо (мас., гидралазин, изониазид ва ғ.) низ метавонанд муҷиби бемориҳои ба Б. монанд шаванд, вале онҳо баъди хотима бахшидан ба истифодаи доруҳои мазкур комилан рафъ мегарданд. Ба омилҳое, ки ҷараёни Б.-ро тезу тунд месозанд, инсолятсия, истифодаи ваксинаю зардобҳо, ҳомилагӣ ва таваллуд мансуб мебошанд.
Б. навъҳои гуногун дорад. Хусусан Б.-и системавӣ бештар дучор меояд. Ҳангоми он узвҳои дохилӣ, дастгоҳи такяву ҳаракат, силсилаи асабҳои марказӣ осеб меёбанд. Беморон аз сустию беҳолӣ, харобӣ, рехтани мӯй, табу тасф шикоят мекунанд; дар маҳалли байни абрувон ва рухсора эритемаи монанд ба шапалак ба вуҷуд меояд; дар луобпардаи даҳон доначаҳои сершумор медаманд; рух намудани артрит, артралгия, осеби бандҳои зону, оринҷ ва банди даст, дарди устухону мушакҳо, перикардит, перитонит, миокардит, эндокардит, васкулт ва ғ. низ аз эҳтимол дур нест.
Б.-и системавӣ шадид, зершадид ва музмин мешавад. Табобати он бояд дар беморхона оғоз ёбад. Муолиҷаи физиотерапевтӣ ва курортӣ нафъ надорад. Масъалаи ҳомилагӣ ва таваллудро бо духтур ҳал кардан лозим аст.
Дар мавриди Б. пӯст низ зиён мебинад. Б.-и пӯст қурсшакл, амиқ ва сатҳӣ мешавад. Ҳангоми Б.-и қурсшакл дар бинӣ ва рухсора доғҳои гирдаи сурх пайдо шуда, онҳо тадриҷан шакли шапалакро мегиранд. Ҷараёни беморӣ дуру дароз аст (баҳору тобистон хуруҷ мекунад). Аломатҳои Б.-и амиқ бештар дар манаҳ, гоҳо дар тан падид меоянд. Нишонаҳои Б.-и сатҳӣ дар бинӣ ва рухсора пайдо мешаванд.
Барои маризон кор дар зери офтоб, сехҳои гарм, ҳамчунин тамос бо моддаҳои химиявӣ манъ аст. Онҳо бояд баҳору тобистон аз кремҳои муҳофизатӣ истифода кунанд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …